Резондӣ: шӯхӣ, доварӣ ва эроди Раҳмон дар озмунҳои Суғд (АКС)

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонОзмуни харбузахӯрӣ дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд
Озмуни харбузахӯрӣ дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар фестивал ва озмунҳо дар бахши ош, харбуза, шириниҳои миллӣ дар вилояти Суғд иштироку доварӣ кард

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни озмуни харбузахӯрӣ дар хитоб ба яке аз иштирокдорон шӯхиомезона резондӣ гуфт ва баъди баҳодиҳӣ ба ҳамаи харбузахӯрон мукофоти пулӣ тақдим кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон инчунин ошпаз, ошхӯр, қаннод, хайма ва фолклори беҳтарин муайян гардида, сарвари давлат ба онҳо мукофотпулӣ додааст. Раисиҷумҳур аз ошхӯрон даъват намудааст, ки зиёдаравӣ накунанд, ки метавонад ба саломатӣ зиён расонад.

1/10
Эмомали Рахмон принял участие в фестивале атласа и адраса в Согде

Раисиҷумҳур инчунин аз намоишгоҳи атласу адрас дар Қасри Арбоб боздид карда, ба кори ҳунармандон таҳсин хондааст. Ӯ аз ҳунармандону тарроҳон даъват намуд, ки шогирдони бештар тарбия кунанду дар тарғиби либоси миллии тоҷикон фаъолтар бошанд.

Неъматулло Мирсаидов, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, ки дар чорабиниҳо бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд иштирок доштааст, дар сафҳаи фейсбукии худ  аз табъи хуши расиҷумҳур иттилоъ дода, афзуд, ки зиёд шӯхӣ мекард. Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзноманигорон даъват кардааст, ки ҳар чӣ бештар даро бораи мардум, кишвар, анъана ва ҳунармандҳои Тоҷикистон мавод таҳия кунанд. Ӯ ба рӯзноманигорон меваю асал тақдим кардааст.

Мирсаидов зикр кардааст, ки ба чорабиниҳо дар Суғд инчунин рӯзноманигорон аз Узбакистону Қирғизистон даъват шудаанд, то ба мардуми худ дар бораи Тоҷикистон ҳар чӣ бештар иттилоъ диҳанд, ки ин ба нафъи имиҷи кишвар мебошад.

Лентаи хабарҳо
0