Машварати кории Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони Суғд

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар машварати корӣ бо роҳбарони фаъолони вилояти Суғд, иҷрои супоришҳои қаблӣ ва татбиқи нақшаҳо барои таҷлили сазовори 30 - солагии Истиқлолияти давлатиро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо зикри дастовардҳои Суғд, инчунин изҳор доштааст, ки қисми зиёди лоиҳаҳои  Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2016-2020, аз ҷониби мақомоти масъул маблағгузорӣ нашудааст.

Эмомали Рахмон открыл Центр плов в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон
Сӣ дег оши палав ва озмуни харбузахӯрӣ ба пешвози раисҷумҳур дар Қасри Арбоб

Тибқи маълумот дар ин муддат 1,3 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ба татбиқи лоиҳаҳо ҷалб гардидааст, ки ҳамагӣ 28 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Раисиҷумҳур изҳор доштааст, ки дар нуҳ моҳи соли 2018 аз 614 корхонаи саноатӣ 100 корхона ё аз шумораи умумӣ 17 фоиз бо сабабҳои гуногун фаъолият накардааст.

Ӯ масъулинро барои барқарор намудани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда вазифадор намуд.

“Дастурҳои дигар доир ба ҷалби ҳарчи бештари сармояи дохиливу хориҷӣ барои ташкили корхонаҳои муштараки саноатӣ, таҷҳизонидани корхонаҳо бо технологияҳои муосир ва диверсификатсияи истеҳсолоту содирот, дода шуд”, - омадааст дар иттилоияи дафтари матбуоти раисиҷумҳур.

Эмомали Рахмон открыл гимназию номер 1 в городе Худжанде - Sputnik Тоҷикистон
Тӯҳфа аз раисҷумҳур: Раҳмон ба мактаби санъат дар Гулистон асбобҳои мусиқӣ ҳадя кард

Эмомалӣ Раҳмон зикр намудааст, ки дар вилоят барои таҷлили ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ беш аз 6000 иншооти таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ҳамаи онҳо бояд бо риояи меъёрҳои ҳозиразамон, санъати баланди меъморӣ, сари вақт ва босифат бунёд гарданд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин масъалаҳои рушди минбаъдаи шаҳру ноҳияҳо, беҳтар шудани сатҳи некӯаҳволии мардум, аз ҷумла пешрафти соҳаи сайёҳӣ, таъмин намудани амният, суботу оромӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун дар қаламрави вилоятро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, сохторҳои марбутаро барои пешрафти кор дар ин самтҳо ва ислоҳи камбудиҳо, волоияти қонун, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, вазифадор кардааст.

Лентаи хабарҳо
0