Тӯҳфа аз раисҷумҳур: Раҳмон ба мактаби санъат дар Гулистон асбобҳои мусиқӣ ҳадя кард

Обуна шудан
Раисҷумҳур баъди тақдими тӯҳфа бо омӯзгорону тилибилмони шаҳр сӯҳбати самимӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 25 окт – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон ҳангоми ифтитоҳи Мактаби санъат ба толибилмони муассиса асбобоҳои мусиқӣ ҳадя кард. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Субҳи имрӯз кишвардор дар шаҳри Гулистон бинои нави мактаби санъатро ифтитоҳ кардааст.

"Бинои мактаб аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, аз бист утоқи дарсӣ, аз ҷумла синфхонаҳои рассомӣ, фортепиано, рубобҳои гуногун, солфеҷио, дутор, доира, карнай, овозхонони фалаку шашмақом, синфи компютерӣ ва китобхона иборат мебошад", - менависад дафтари матбуотӣ.

Раисҷумҳур дар ҳамин ҷо ба мактаб 50 асбоби мусуқӣ ҳадя кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон баъди тақдими тӯҳфа бо омӯзгорону тилибилмони шаҳр сӯҳбати самимӣ анҷом дод.

Лентаи хабарҳо
0