“Роҳи сафед” баста шуд: шаҳрдорӣ ҷои нави “таксӣ”-ҳои самти Кӯлобу Раштро гуфт

© Sputnik / Стас ЭтвешТакси в Таджикистане, архивное фото
Такси в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрдории Душанбе таваққуфгоҳи “Роҳи сафед” дар маҳаллаи 7-ум километри пойтахтро баст

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Ҳукумати Душанбе бо нашри як иттилоия барои сокинон ва меҳмонони пойтахт эълон кард, ки фаъолияти таваққуфгоҳи “Роҳи сафед”, дар маҳаллаи 7 км қатъ гардид.

Рустам Эмомалӣ - Sputnik Тоҷикистон
Саросарӣ: қарори Рустами Эмомалӣ барои гулу дарахтзор кардани Душанбе

Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ афзуд, ки аз 25 октябр ҳаракати мусофирбарҳои самти минтақаи Кӯлоб ва ноҳияҳои водии Рашт - Файзобод, Роғун, Нуробод, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш аз Терминали шарқӣ, дар маҳаллаи Обшорон роҳандозӣ мешавад. 

Шаҳрдорӣ шарҳ додааст, ки терминали шарқӣ дар маҳаллаи Обшорон, дар охири  хатсайрҳои автобусҳои № 2, 7, 43 ва микроавтобусҳои № 5А, 15, 18 ва 39 ҷойгир мебошад.

Манбаъ аз мусофирон хоҳиш кардааст, ки минбаъд барои сафар ба шаҳру ноҳияҳои самти минтақаи Кӯлоб ва водии Рашт аз Терминали шарқӣ истифода баранд.

“Дар терминали мазкур барои мусофирон ва ронандагон шароитҳои лозима муҳайё карда шудааст”, - омадааст дар иттилоия.

Лентаи хабарҳо
0