ДУШАНБЕ, 14 окт – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, бо қарори Рустами Эмомалӣ ҳамаи корхонаю идораҳои пойтахт муваззаф шудаанд, ки атрофашонро гулзору дарахтзор кунанд.
“Корхона, ташкилоту муассиса ва дигар субъектҳои хоҷагидории дар шаҳри Душанбе фаъолиятдошта, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ дар гирду атрофи мавзеи худ бо риояи талаботи агротехникӣ бо тавсияи мутахассисони соҳа шинонидани ниҳоли дарахтону буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсоларо дар тирамоҳи соли 2018 ва баҳори 2019 ба роҳ монда, нигоҳубини минбаъдаи онҳоро таъмин намоянд”, - таъкид шудааст дар қарори шаҳрдори Душанбе.
Рустами Эмомалӣ, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва сохторҳои дахлдорро вазифадор кардааст, ки барои иҷрои қарори мазкур чораҳои зарурӣ андешида, аз натиҷаи он ҳар моҳ ба раиси Душанбе ахборот пешниҳод намоянд.