Пораҳои ҷасади Хошуқчӣ дар корези ҳудуди консулгарии Арабистони Саудӣ пайдо шуд

© REUTERS \ HANDOUTСаудовский журналист Джамаль Хашукджи в консульстве Саудовской Аравии в Стамбуле
Саудовский журналист Джамаль Хашукджи в консульстве Саудовской Аравии в Стамбуле - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пораҳои ҷасади рӯзноманигор Ҷамол Хошуқчӣ дар боғи консулгарии Арабистони Саудӣ дар Туркиё пайдо гардидааст

 ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Доғу Перинчек, роҳбари ҳизби Ватани Туркия ба нашриёти Haberler хабар додааст, ки пораҳои ҷасади Ҷамол Хошуқчӣ аз корезе дар ҳудуди консулгарии Арабистони Саудӣ дар Туркия пайдо карданд.

Заключенный, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Арабистони Саудӣ барои шӯхиҳои динӣ муҷозот хоҳад кард

“Манбаъҳои амниятии бо эътимоди Истамбул ба ман хабар доданд, ки ҷасади Хошуқчиро аз корези ҳудуди консулгарии Арабистони Саудӣ пайдо карданд”, - гуфтааст роҳбари ҳизби Ватан.

Тавре, ки маълум аст Хошуқчӣ ҳамчун шореҳи рӯзномаи Washington Post кор мекард ва аз соли 2017 дар Амрико ба сар мебурд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзноманигор рӯзи 2 октябри соли равон баъд аз воридшавиаш ба  консулгарии  Арабистони Саудӣ дар шаҳри Истамбул нопадид шуд.

Баъдан расонаҳои хабарии Арабистони Саудӣ дар истинод ба додситонии ин кишвар хабар доданд, ки рӯзноманигор Хошуқчӣ фавтидааст ва сабаби марги ӯ ҷанҷол миёни кормандони консулгарӣ будааст.

Представители высших государственных чинов королевства Саудовская Аравия, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти ёздаҳ шоҳзода ба иттиҳоми фасод дар Арабистони Саудӣ

Мақомоти Арабистони Саудӣ дар пайи куштори Хошуқчӣ 18 нафарро дастгир ва бозпурсӣ кардааст. Ҳукумати Арабистони Саудӣ мехоҳад шахсони гунаҳгор дар марги Хошуқчиро муҷозот намояд.

Қаблан арусшавандаи Хошуқчӣ, Хатича Чингиз вобаста ба нопадидшавии шавҳари ояндааш тавзеҳ дода буд, ки кӯштори Хошуқчиро “Соати ҳушёр”, ки бар дасташ будааст сабт кардааст. Соати мазкур инчунин рафти муноқишаи рӯзноманигор бо кормандони консулгарии Арабистони Саудиро низ сабт намуда ба таври автоматӣ ба саҳифаи нигоҳдории маводҳои Apple iCloud равон кардааст.  

Лентаи хабарҳо
0