ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Ин Кумита дар нахустин соатҳои кораш ёздаҳ шоҳзодаи Арабистони Саудӣ, чаҳор узви кунунии кобинаи вазирон ва даҳҳо вазири пешинро бо иттиҳоми фасод ба ҳабс гирифтааст.
Дар ин бора шабакаи "Ал-Арабия" хабар додааст.
Ҳамин тавр як узви хонаводаи ҳоким ба фурӯши ғайриқонунии аслиҳа айбдор шуда дигаре дар бастани шартномаҳои қалбакӣ гунаҳкор дониста мешавад. Шоҳзодаи сеюмӣ дар пулшӯӣ мутаҳам мешавад.
Рӯзи шанбе малик Салмон, ҳокими Арабистони Саудӣ қарор дар бораи таъсиси Кумитаи вижаи мубориза бо фасодро таҳти раҳбарии писараш — шоҳзодаи валиаҳд Муҳаммад қабул кард.
Дар ҳоли ҳозир нисбати шоҳзодагони боздоштшуда тафтишот бурда мешавад. То ҳол ягон нафаре аз муттаҳамон ин қазияро шарҳ надодааст.
Ёдоварӣ мекунем, ки рӯзи 26 сентябр Додситонии кулли Тоҷикистон, нисбати се ширкате, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро барои кор ба Арабистони Саудӣ мефиристод парвандаи ҷиноӣ боз кард.
Дар паи баргузории санҷишҳои додситонӣ ошкор шуда, ки ширкатҳои корёбии "Абдулкарим", "Ҷамол-2012" ва "Имкон-2015 дар соли 2016 ва нимаи аввали соли 2017 чанд шаҳрванд, аз он ҷумла, се занро ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ фиристодаанд, ки онҳоро дар он кишвар водор ба анҷоми корҳое кардаанд, ки дар қарордод миёни шаҳрвандони ҶТ ва ПАС ёд нашудаанд ва музди корашонро низ напардохтаанд.
Додситонии кулл ин қазияро "хариду фурӯши одамон бо мақсади суъистифода аз кор ё хидматрасонии иҷборӣ, ғуломӣ ё расму одатҳои монанд ба ғуломӣ" дониста, кормандони ширкатҳои "Ҷамол-2012", "Имкон-2015" ва "Абдулкарим"-ро муттаҳам ба нақзи моддаи 130.1 бахши 2 бандҳои «г» ва «ё» Қонуни ҷиноии ҶТ кардааст.