ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия дар сархати феҳрасти 500 мусалмони таъсиргузори ҷаҳон ҷой гирифтааст. Абдулазиз оли Сауд, шоҳи Арабистони Саудӣ дар мақоми дуюм, Абдуллоҳи 2, шоҳи Урдун дар мақоми 3 ва Оятуллоҳ Хоманеӣ, роҳбари Эрон, дар ҷои чорум қарор гирифтаанд.
Тибқи ин пажуҳиш, нуфузу эътибори Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, Оқохони IV, имоми 49-уми исмоилиён, дар ҷаҳон афзоиш ёфта, дар феҳрасти ҷадид дар мақоми 36-ум қарор гирифтааст. Қаблан Оқохони IV дар мақоми 40-ум қарор дошт.
Муҳаммад Саллоҳ, футболбози мисрӣ низ ба феҳрасти 50 мусалмони таъсиргузор ворид шуда, мақоми 46-ум гирифтааст.
Инчунин Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон чун солҳои қаблӣ дар феҳрасти 500 мусалмони таъсиргузор шомил шудааст. Намояндаи дигари Тоҷикистон дар ин феҳраст Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии кишвар мебошад.
Ба ин рӯйхат аксаран роҳбарони кишварҳои мусалмоннишин, намояндагони фарҳанг, варзиш, аз ҷумла Ҳабиб Нурмуҳаммадов, Муҳаммад Саллоҳ, Салмон Хон, Самӣ Юсуф ва дигарон шомил гардидаанд.