Аз саломи Ҳабиб ба тоҷикон то тӯҳфа аз харбуза: Ҳоҷӣ пиёда бо Нурмуҳаммедов дидор кард

© Facebook / Ибрагим АхмадовТаджикский паломник совершивший хадж пешком, встретился я Хабибом Нурмагомедовым
Таджикский паломник совершивший хадж пешком, встретился я Хабибом Нурмагомедовым - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳабибро бо пирӯзиаш аз номи мухлисони тоҷикаш шодбош гуфтам. Ба ӯ як тоқӣ ва ҷомаи зебои тоҷикӣ тӯҳфа кардам. Харбузаеро аз Тоҷикистон оварда будам, ки онро низ чун ҳадя ба варзишкор додам. Ӯ хело хурсанд шуд ва гуфт, ки ба мухлисони тоҷикаш салом мерасонад

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Абдулазиз Раҷабов, сайёҳи тоҷик, ки чун Ҳоҷӣ пиёда байни мардуми Тоҷикистон маъруф шудааст, бо варзишкори номии Доғистон Ҳабиб Нурмуҳаммедов мулоқот кардааст.

Вай 18 октябр дар шаҳри Қизил Юрти Доғистон дар чорабиние бо Ҳабиб Нурмуҳаммедов вохӯрда, ба ӯ тӯҳфаҳои тоҷикона ҳадя кардааст.

Сайёҳи номии тоҷик дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ӯ низ мухлиси ашшаддии варзиш аст ва барои ҳамин орзу дошт бо Ҳабиб дидор кунад.

Ҳоҷии тоҷикро дар чорабиние, ки дар Доғистон бо ширкати варзишкори номӣ баргузор шуд, даъват кардаанд.

"Дар чорабинӣ ба ман низ чун сайёҳи тоҷик, ки пиёда ба тавофи Каъба рафтааст, сухан доданд. Ман Ҳабибро бо пирӯзӣ аз номи мухлисони тоҷикаш таҳният гуфта, ба ӯ тоқӣ ва ҷомаи зебои тоҷикӣ тӯҳфа кардам. Аз Тоҷикистон як харбуза оварда будам, ки онро низ ба варзишкор ҳадя кардам", - мегӯяд вай.

Рэпер 50 cent, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
UFC Конорро ҷонибдорӣ мекунад: дастгирии 50 cent аз Ҳабиб Нурмуҳаммедов

Абдулазиз Раҷабов афзуд, ки варзишкори машҳур аз сайёҳи тоҷик барои тӯҳфаҳои хотирмон сипосгузор шуда, бо ӯ ба мухлисони тоҷикаш салом расонидааст.

"Ӯ барои дастгирӣ ба мухлисони тоҷикаш изҳори сипос кард ва ба онҳо салом расонид", - афзуд вай.

Абдуалзиз Раҷабов боз ба сафар баромадааст.

Ба гуфтаи вай, ӯ чанд вақт дар Русия қарор дошт ва феълан ба Белорус равон аст.

"Ҳоло ба Белорус сафар дорам, сипас нақша дорам, ки аз Лаҳистон, Олмон,  Фаронса, Испания, Амрико Канада ва сипас ба кишварҳои Африқо дидан кунам", - афзуд вай.

Ӯ гуфт, ки дар Тоҷикистон чанд моҳ интизори раводиди Шенген буд ва билохира ба даст оварду ба сафар баромад.

Ҳоҷӣ пиёда феълан ба воситаи қатор сафари худро идома медиҳад ва мегӯяд вобаста ба шароити ҳаво сафарашро пиёда идома хоҳад дод.

Лентаи хабарҳо
0