UFC Конорро ҷонибдорӣ мекунад: дастгирии 50 cent аз Ҳабиб Нурмуҳаммедов

© Sputnik / Асатур ЕсаянцРэпер 50 cent, архивное фото
Рэпер 50 cent, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Овозхон дар Твиттер паёме навишта, гуфтааст, ки UFC нисбати Ҳабиб ноҳаққӣ мекунад. Вай афзудааст, ки ҷонибдори варзишкори доғистонӣ аст

ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Рэпсарои амрикоӣ 50 cent ба қаҳрамони муҳорибаҳои омехта Ҳабиб Нурмуҳаммедов пешниҳод кардааст, ки ба Bellator (ташкилоти варзишии амрикоӣ, ки ба ташкили муҳорибаҳои омехта машғул аст) гузарад.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

@khabib_nurmagomedov I’ll deal with Dana and your contract later. The UFC is not the only game in town. Zubaira is welcome also. #bellator #lecheminduroi

Публикация от 50 Cent (@50cent)

"Ба фикри ман муносибати UFC нисбати Ҳабиб Нурмуҳаммедов нодуруст аст. Онҳо бо Конор ин муносибатро раво намедиданд. Ман омодаам, ки агар Ҳабиб барои ман дар Bellator бозӣ кунад, худи ҳамин рӯз ба вай 2 миллион доллар пешниҳод кунам", - навиштааст овозхон дар Твиттер.

Рэпсаро бо  Bellator ҳаморӣ мекунад ва барои бозии охирон ба ғолибон 1 миллион доллар пешниҳод кардааст.

Ҳабиб Нурмуҳаммедов низ ба овозхони амрикоӣ посух гуфтааст.

"Танҳо  макони бозиро муайян кун. Агар хоҳӣ, ки макони мардони ҳақиқиро бубинӣ , ба Доғистон сафар кун. Ман туро даъват мекунам. Агар Амрико рафтанӣ шудам, ба ту хабар медиҳам. Ташаккур барои дастгирӣ, ту марди ҳақиқӣ ҳастӣ", - посух додааст варзишкор.

 

Лентаи хабарҳо
0