Изҳороти “саркарда”-ҳои ҷиноии ВМКБ: силоҳро ихтиёран супоридем, корҳои мулкӣ мекунем

© © Sputnik / Амир ИсаевПост БДА в Хороге, архивное фото
Пост БДА в Хороге, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ситоди байниидоравии таъмини амният дар ВМКБ санади огоҳии расмӣ ба Аёмбеков Толиб, Мамадбоқиров Мамадбоқир, Мамадасламов Ёдгоршо, Мазоров Хурсанд, Шанбиев Мунаввар ва Аловатшоев Амриддинро нашр кардааст, ки изҳороти ин шаҳрвандон бо имзои онҳоро низ фаро мегирад

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Дар санадҳои огоҳии расмӣ, ки 22 октябр нисбати 7 нафари зикршуда дар алоҳидагӣ таҳия шудаанд, 6 нафари онҳо изҳор доштаанд, ки  “ман айни ҳол силоҳу аслиҳаи ғайриқонунӣ нигоҳ доштаи худро ба пуррагӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ихтиёрӣ супоридам”.

Председатель ГКНБ РТ Саймумин Ятимов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Занги Президент, кафолат ва шеърхонии Ятимов: оташ назанад ҳеч касе хонаи худро

Дар санади огоҳӣ нисбати Аловатшоев банди силоҳсупорӣ ҷой надорад ва ӯ изҳор доштааст, ки яроқ надораду дар ҷойе ҳам пинҳон накардааст.

Дар изҳороти ситод афроди мазкур роҳбарони гуруҳҳои ҷиноӣ ном бурда шуда, дар идома зикр шудааст, ки ягон нафари онҳо қаблан суд нашудаанд.

Бар асоси санади огоҳии расмӣ, ки бо имзои  Аёмбеков Толиб Абдраҳмонович, Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич, Мамадасламов Ёдгоршо Шомусалламович, Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович, Шанбиев Мунаввар Наврӯзбеккович ва Аловатшоев Амриддин Бозорович нашр гардид, ҳар яки онҳо чунин изҳор доштаанд: 

Бо масъулияти том изҳор менамоям, ки дар манзили истиқоматии худ ва хешу таборам, шиносҳоям, инчунин дар махфигоҳҳо силоҳ ва дигар лавозимоти ҷангӣ надорам, силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва дигар предметҳои муомилоташон аз ҷониби қонун мамнуъро ба шахсони дигар барои нигоҳ доштан ва пинҳон кардан надодаам.

Пост при въезде в Горно-Бадахшанскую автономную область - Sputnik Тоҷикистон
Эълони огоҳии расмӣ ба 7 “саркарда”-и гуруҳҳои ҷиноии ВМКБ ва савгандашон бо имзо (ВИДЕО)

Аз роҳбарии гуруҳҳои ҷиноятӣ дар ҳайати иттиҳодҳои ҷиноятӣ даст кашидаам.

Ҷамъомадҳои гуруҳҳои муташаккили ҷиноятиро баргузор намекунам.

Ҷавононро барои ба ҳайати чунин гуруҳҳо ҳамроҳ шудан даъват намесозам.

Ба иғвогарию барангехтани кинаву адовати маҳалгароӣ хотима мебахшам.

Сарҳади давлатии Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур намекунам.

Ба қочоқи воситаҳои нашъадор ва силоҳи оташфишон даст намезанам.

Талаботи қонун, намояндагони ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар баробари дигар шаҳрвандон пурра риоя мекунам

Ба фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шахсони мансабдор ҳангоми  ба амал баровардани ваколатҳои ба онҳо вогузор кардашуда дахолат намекунам ва монеа намешавам.

Ба баҳсҳои манзилӣ, молу мулкӣ ва дигар баҳсҳои байни шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ дахолат намекунам.

Директор фонда Ага-Хана в Таджикистане  Ёдгор Файзов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ёдгор Файзов: аз яроқ наметарсам, тарсам аз мафкураи мардум аст (ВИДЕО)

Қатъиян ба корҳои мулкӣ - соҳибкорӣ, тиҷорат ва ғайра машғул мешавам.

Дар сурати риоя накардани талаботи дар огоҳии расмӣ зикршуда ва содир намудани кирдорҳои дар боло баёнгардида, тайёрам дар назди қонун ҷавоб диҳам.

Ба ман фаҳмонда шуд, ки риоя накардани талаботҳои дар огоҳиномаи расмӣ нишон додашуда, танҳо қасдан ҷой дошта метавонад.

Ҳангоми эълон намудани огоҳии расмӣ ва имзо гузоштан нисбати ман ва хешу таборонам маҷбуркунии ҷисмонӣ ва руҳӣ, таҳдиду фишор ва фиреб истифода нашудааст.

Нусхаи огоҳии расмӣ ва матни чопии моддаҳои дахлдори дар ин огоҳинома нишон додашударо гирифтам.

Дар санади огоҳии расмӣ зикр шудааст, ки афроди номбаршуда оиладор ва қаблан суд нашудаанд.

Лентаи хабарҳо
0