ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Лутфия Раҷабова, раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагон, зимни ҷаласаи Шӯро, ҳадафи лоиҳаро мутобиқат ба талаботи замони муосир ва густариши муносибатҳои фарҳангӣ бо дигар давлатҳо арзёбӣ кард.
Ба иттилои манбаъ, моддаи 8-и лоиҳаи қонуни мазкур, таъсиси Шӯро оид ба ҳифзи сарватҳои таърихию фарҳангӣ ва рушди мубодилаи байналмилалии арзишҳои фарҳангиро пешбинӣ кардааст.
“Моддаи 10 экспертизаи давлатии сарватҳои таърихию фарҳангӣ, моддаи 13 муваққатан ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ, моддаи 19 тартиби истифодабарии сарватҳои таърихию фарҳангии мусодирашуда, моддаи 20 боҷу пардохтҳо ҳангоми берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ пешбинӣ намудааст”, - омадааст дар иттилоияи Маҷлиси намояндагон.