Вокуниши Вазорати фарҳанг ба ВУД: милисаҳо дар рейд омӯзгорону донишҷӯёнро таҳқир карданд

© МВД РТРейд милиции в педагогическом университете
Рейд милиции в педагогическом университете  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ ҳангоми рейд ба камбудӣ роҳ додаанд. "Дар рафти амалиёт ҳайати гурӯҳи санҷишӣ бо шеваи дурушт ба донишҷӯён ва омӯзгорон муомила карда, ҷузвдон ва кисаҳои донишҷӯёнро кофтаанд, ки ин таҳқир нисбат ба маҷмӯи меъёрҳои ҳамидаи инсонӣ буда, боиси дилсардӣ ва таъсири манфӣ расонидан ба шууру тафаккури ҷавонон мегардад. "

ДУШАНБЕ, 20 окт – Sputnik. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар вокуниш ба як матлаби ВУД таҳти унвони "ВКД: Коллеҷи рассомӣ ба талаботи таълим ҷавобгӯ нест", ки дар "Имрӯзнюс" мунташир шудааст, менависад, ки кормандони ВУД ҳангоми рейд дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомӣ ба номи Олимов  ба як қатор камбудиҳо роҳ додаанд.

Ба иттилои вазорат, ҳангоми рейд милисаҳо ҷуздон ва кисаҳои ҷавононро кофтаанд, "ки ин таҳқир нисбат ба маҷмӯи меъёрҳои ҳамидаи инсонӣ буда, боиси дилсардӣ ва таъсири манфӣ расонидан ба шууру тафаккури ҷавонон мегардад".

"Омӯзиш ва таҳлилҳо нишон дод, дар амалиёти санҷишӣ-пешгирикунандаи Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳудуди муассисаи мазкур ба як қатор камбудиҳо роҳ дода шудааст. Дар рафти амалиёт ҳайати гурӯҳи санҷишӣ бо шеваи дурушт ба донишҷӯён ва омӯзгорон муомила карда, ҷузвдон ва кисаҳои донишҷӯёнро кофтаанд, ки ин таҳқир нисбат ба маҷмӯи меъёрҳои ҳамидаи инсонӣ буда, боиси дилсардӣ ва таъсири манфӣ расонидан ба шууру тафаккури ҷавонон мегардад", - менависад вазорат.

Ҳамчунин ниҳод қайд мекунад, ки дар ин таълимгоҳ ба донишҷӯён дар бархе аз дарсҳо ҳозир шудан бо "либоси корӣ" иҷозат дода мешавад.

"Донишҷӯёни коллеҷ аз рӯи хусусияти таълимии соҳа вобаста ба касбу ихтисосашон дар дарсҳои амалӣ метавонанд бо либоси корӣ ҳозир шаванд, зеро бо либоси расмӣ бо ашё ва предметҳои хусусияти соҳавӣ (лой, ранг ва ғайра) кор кардан ғайриимкон аст", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Ҳамчунин вазорат тавзеҳ медиҳад, ки бо далели нарасидани синфхонаҳо дар ин муассиса дар як синф ду ду фан дарс мегузаранд.

Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов соли 1936 таъсис ёфта, ягона маркази тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси санъати тасвирӣ ва ороиши амалӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Тайи зиёда аз 80 соли мавҷудияти ин муассисаи таълимӣ ҳазорҳо мутахассисони варзида онро хатм намуда, то ба дараҷаи устодони соҳа ва ходимони намоёни санъати тасвирӣ расидаанд, ки дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ низ шинохтаву соҳибэҳтиром гардидаанд.

Айни замон, муассисаи мазкур аз рӯи ихтисосҳои санъати ороиши амалӣ, рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, рассоми театрии ороишӣ, зебоисозӣ (аз рӯи самтҳо), маҳсулоти бадеӣ аз метал, коркарди бадеии чӯб, графика (сиёҳқаламӣ), кулолгарии бадеӣ, зебоисозии либос ва матоъ ва бофандагии бадеӣ фаъолият дошта, дар он 255 нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд.

Таъмир ва мувофиқкунии муассиса аз тарафи роҳбарияти Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов дар ҳамкорӣ бо Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳуқуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. 

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд ҳам барои таҳсили муназзам дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомӣ чораҷӯӣ менамояд.

Лентаи хабарҳо
0