Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи нави асфалтбарориро ифтитоҳ намуд

Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар деҳоти Ғозиён, корхонаи нави истеҳсоли асфалт ва регу шағалро ифтитоҳ намуд

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik.  Эмомали Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари худ ба вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи нави истеҳсоли асфалт ва регу шағалро ифтитоҳ намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, чаро кори табибон натиҷаи хуб намедиҳад

Бино бар иттилои манбаъ, корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот соли 2016 оғоз ёфта, дар зарфи 2 сол бо дарназардошти талаботу стандартҳои ҷорӣ сохта ба истифода дода шуд.

“Таҷҳизоти истеҳсолии асфалт ва регу шағал аз ширкатҳои пешқадами Англия харидорӣ гардида, имконият медиҳанд, ки маҳсулот бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи сохтмониву роҳсозӣ истеҳсол гардад”, таъкид намудааст манбаъ.

Инчунин манбаъ иттилоъ додааст, ки тибқи нишондиҳандаҳои техникӣ корхонаи асфалтбарорӣ дар як соат иқтидори истеҳсоли 60 тонна асфалти гармро доштааст.

Манбаъ таъкид намудааст, ки аз ин ба баъд хароҷоти таъмири роҳҳои ҳудуди вилоят коҳиш ёфта, маҳсулоти аълосифати худӣ дар сохтмону таъмири роҳҳо истифода мегардад.

Мальчик с флагом Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳур сутунпояи дигари Парчами давлатиро ба истифода дод

Дастгоҳи истеҳсолии сангмайдакунӣ бошад, имконият дорад, ки дар як соат то 30 метри мукааб маҳсулотро коркарду барои истифодабарӣ омода намояд.

Корхонаи нави истеҳсоли асфалт ва регу шағал дар баробари хати истеҳсолӣ, ҳамчунин бо техникаи муосири роҳсозӣ ва дигар таҷҳизоти зарурии соҳавӣ таъмин гардида, қудрати гузаронидани корҳои роҳсозиро дорад.

Аз ҷумла, корхонаи 13 адад автогрейдер, 12 мумпошак, 12 мошини борбардор, 1 адад техникаи асфалтхобкунӣ, компрессор, роҳкӯбаки дастӣ ва дигар техникаву таҷҳизоти зарурӣ харидорӣ намудааст.

Лентаи хабарҳо
0