ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, сутунпояи Парчами давлатӣ дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов бунёд гардида, баландиаш 50 метр мебошад.
“Парчам 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарози дорад. Майдони “Парчами давлатӣ” дар 15 садяк бунёд гардида, ҳудуди он гулзор карда шудааст. Ҳамзамон дар ин ҷо 3 фаввораи даврашакл бунёд ва чароғҳои равшандиҳанда насб карда шудааст”, - омадааст дар иттилоияи дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Инчунин Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, маркази саломатии ҷамоати деҳоти “Меҳробод”, коргоҳи дузандагию қолинбофӣ, кӯдакистони хусусии “Нурафшон”-ро ба истифода дод.