ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Дар Русия аз моҳи январ то авгути соли равон 11 960 763 муҳоҷири меҳнатӣ сабти ном шудааст, ки нисбат ба соли қабли 12, дарсад кам мебошад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ташкилоти “Федератсияи муҳоҷирони Русия”.
Мутахассисони ташкилот таъкид намуданд, ки аксарияти муҳоҷирони меҳнатӣ ба Русия аз кишварҳои ҳамсуд меоянд.
Дар соли равон 172,86 ҳазор нафар соҳиби шаҳрвандии Русия шуданд, ки нисбат ба соли гузашта 4,2 дарсад зиёд будааст.
Бино ба маълумоти коршиносон, дар ҳашт моҳи соли равон Русия ба беш аз 80 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ иҷозтномаи кор додааст, ки нисбат ба соли гузашта беш аз 14 ҳазор иҷозатномаи кор кам дода шудааст.
Инчунин, дар ин давра ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия беш аз 1,1 миллион патент дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,8 дарсад кам мебошад. Иҷозати иқомат дар Русияро 122,6 ҳазор нафар гирифтанд (дар соли 2017 ин нишондиҳанда ба 123,5 ҳазор нафар расида буд).
Коршиносон ҳамчунин таъкид намуданд, ки дархостҳои муҳоҷирони меҳнатӣ барои зиндагии муваққатӣ дар Русия низ коҳиш ёфтӣааст. Дар зарфи ҳашт моҳи соли равон 174,9 ҳазор нафар барои гирифтани иҷозатнома барои зиндагии муваққатӣ дар қаламрави Русия дархост равон намуданд (дар соли гузашта ин нишондиҳанда 192 ҳазор нафарро ташкил медод).