"Сходкаро бас кунед:" Ҳушдори Ситоди амният дар ВМКБ ба саркардагони гурӯҳҳои ҷиноӣ

© Пресс-служба ГБАОПодготовка ГБАО к Наврузу
Подготовка ГБАО к Наврузу - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳамчунин ситод ба маъмурияти тарабхонаву ошхонаҳое, ки дар он "саркардагони гурӯҳҳои ҷиноӣ" мардумро ҷамъ мекунанд, ҳушдор додааст, ки фаъолияти муассисаашонро қатъ хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Ситоди байниидоравии мақомотҳои таъмини амният дар ВМКБ бо изҳороти вижае ба саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ё ба истилоҳ роҳбарони ғаёрирасмӣ дар ВМКБ ҳушдор додааст, ки ташкили "сходка" - маҷлис бо ҷонибдоронашонро бас кунанд.

"Тибқи маълумотҳои санҷидашудаи Ситод, саркардагон ва фаъолони ГМҶ дар маҳаллаҳо, тарабхонаҳо ва манзилҳои истиқоматии худ бо ҷалби ҷавонони содда ва гумроҳи шаҳри Хоруғ ва навоҳии атроф вохӯриҳо — “сходка”-ҳо мегузаронанд. Бештари вақт ҷамъомадҳои ГМҶ дар тарабхонаҳои “Шуғнон”, “Шоми Бадахшон”, “Атлант”, “Марко поло”, ошхонаҳои “Мурғоб”, “Орзу”, меҳмонхонаи “Тишор” мегузаранд", - гуфта мешавад дар изҳороти ситод.

 Ситоди муштарак таъкид кардааст, ки минбаъд дар маҳаллаҳо, тарабхона, ошхонаҳо, толорҳои варзишӣ ва дигар ҷой ҷамъ кардани ҷавонон, гузаронидани чорабинӣ бо номи “сходка”-ҳо аз тарафи саркардагон ва фаъолони гурӯҳҳои ҷиноятӣ ҳамчун иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ баҳогузорӣ гардида, тибқи талаботи моддаи 187-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҷӯӣ мегардад.

Ҳамзамон, иншоотҳое, ки дар онҳо чунин “сходка”-ҳои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ гузаронида мешавад, тибқи талаботи қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатгузорӣ карда шуда, дар бораи қатъи фаъолият ва тағйир додани таъиноти истифодаи чунин иншоотҳо, то мусодира кардани он чораҳои қатъӣ дида мешавад.

Дар ин изҳороташ Ситиди байниидоравӣ хабар медиҳад, ки ҳамчунин минбаъд дидбонгоҳҳои кормандони БДА ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ то замони ба фаъолияти зиддиқонунии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ хотима гузоштан, боварӣ ҳосил кардан ба таъмини пурраи амнияти шаҳрвандон, мусодираи силоҳ, дастгир шудани ҷинояткорони дар ҷустуҷӯбуда, тибқи қонунҳои амалкунанда фаъолият хоҳанд кард.

Ҳамчунин, барои аз байни бурдани тамоми қонуншиканиҳо зимни идораи воситаи нақлиёт, риояи ҳатмии қонунҳои амалкунанда фаъолияти дидбонгоҳҳо дар ҳудуди шаҳри Хоруғ васеъ карда мешавад. Дахолат намудан ва монеа эҷод кардан ба  фаъолияти қонунии ин дидбонгоҳҳо тибқи меъёрҳои ҳуқуқӣ посухи сазовор дода мешавад.

Бо мақсади шаффофияти фаъолияти дидбонгоҳҳои кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ, нишон додани симои аслии шахсоне, ки талаботи қонунгузорро риоя намекунанд, дар ҳамаи дидбонгоҳҳо таҷҳизотҳои сабти навор (видеорегистратор) насб карда мешаванд. Наворҳои оид ба риоя нашудани талаботи қонунии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тавассути ВАО ба сокинони вилоят ва ҷумҳурӣ намоиш дода мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0