Се кушта дар рӯзи интихоботи парлумонӣ дар Кобул

© REUTERS \ Omar SobhaniҲамлаи интиҳории ДОИШ ба масҷиди Хайрхона дар Кобул, 25 августи 2017
Ҳамлаи интиҳории ДОИШ ба масҷиди Хайрхона дар Кобул, 25 августи 2017 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳамзамон бо баргузории интихоботи парлумонӣ дар Афғонистон се тан бар асар таркиши бомб дар Кобул- пойтахти Афғонистон кушта шуданд

ДУШАНБЕ, 20 окт – Sputnik. Бино бар иттилои "Парс тудэй", вазорати беҳдошти Афғонистон рӯзи шанбе эълом кард, бар асари инфиҷори бомб дар наздикии шӯъбаи ахзи раъй дар Кобул, се тан кушта ва 30 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Бино бар эъломи вазорати кишвари Афғонистон аз субҳи имрӯз ва ҳамзамон бо баргузории интихоботи парлумонӣ дар Афғонистон 15 ҳамлаи террористӣ дар марокизи раъйдиҳии ин кишвар рӯй додааст.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи гурӯҳи Толибон имрӯз бори дигар ба мардуми Афғонистон ҳушдор дод барои ҳифзи ҷони худ дар хонаҳои худ бимонанд ва аз ширкат дар ин интихобот худдорӣ кунанд.

Интихоботи Маҷлиси миллии Афғонистон, ки субҳи имрӯз (шанбе) дар аксари манотиқи ин кишвар оғоз шуда, то соати 9 шаб ба вақти маҳаллӣ тамдид шудааст.

Лентаи хабарҳо
0