Лутсенко: ҳайати ҳукумати Украина мувофиқа шудааст

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкҶаласаи Радаи болои Украина
Ҷаласаи Радаи болои Украина - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қаблан, президенти Украина аз вакилони парлумон талаб кард, ки то соати 18:00 рӯзи чаҳоршанбе нахуствазири кишварро таъин кунанд. Дар акси ҳол, роҳбари давлат ваъда дод, ки интихоботи қабл аз муҳлати Радаи болоро эълом хоҳад кард.

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Номзад ба мақоми сарвазир ва рӯйхати аъзои ҳукумат тайёр аст, иброз дошт роҳбари ҷиноҳи "Блоки Порошенко" дар Радаи боло- Юрий Лутсенко.

Ятсенюк гуфт, Украина бо Русия дар ҳоли ҷанг қарор дорад

"Номзад ба мақоми нахуствазир ва аъзои ҳукумат ба мувофиқа расид" —нашр намудааст ӯ дар саҳифаи Facebook.

Рӯзи якшанбе нахуствазири Украина Арсений Ятсенюк эълон кард, ки аз вазифааш даст мекашад. Дар баробари ин ӯ гуфт,  ҷиноҳи зери роҳбариаш "Фронти халқӣ" фаъолияти худро дар эътилоф идома медиҳад.

Ба назари ҷаноби Ятсенюк, сабаби ба истеъфо рафтани ӯ натиҷаи бӯҳрони сунъии сиёсӣ буда, мақсади бархеҳо аз курсӣ бенасиб кардани вай мебошад. Нахуствазири собиқ ҳамчунин фаъолияти ду ҳайати ҳукуматро, ки ӯ роҳбарӣ мекард, баҳои баланд дод. Оқои Ятсенюк дар бораи аз ин ба баъд ба чӣ кор машғул шуданашро нагуфт, танҳо қайд намуд, ки вазифааш рисолаташ болотару бузургтар аз "раиси ҳукумат" хоҳад буд.

Лентаи хабарҳо
0