Истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Бурунди

© Пресс-служба МИДРТ Истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Бурунди
Истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Бурунди - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Баёнияи муштарак дар бораи истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Бурунди дар шаҳри Ню-Йорки Амрико ба имзо расид

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik.   Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов  ва Намояндаи доимии он кишвар дар СММ Алберт Шинги баёния дар бораи истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Бурундиро ба имзо расонаданд

Дар ин бора хабар додааст Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Таджикистан восстановил дипотношение с республикой Сан-Томе и Принсипи - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон бо ду кишвари дигари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор кард

Бино бар иттилои манбаъ, 18 октябри соли 2018 дар шаҳри Ню-Йорк маросими ба имзо расонидани Баёнияи муштарак доир ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Бурунди баргузор гардид.

Баёнияи муштаракро дар ин хусус аз ҷониби Тоҷикистон Маҳмадамин Маҳмадаминов, намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ ва аз ҷониби Бурунди Алберт Шинги, намояндаи доимии ин кишвар дар СММ ба имзо расониданд.  

Лентаи хабарҳо
0