Тоҷикистон бо ду кишвари дигари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор кард

© / МИД РТТаджикистан восстановил дипотношение с республикой Сан-Томе и Принсипи
Таджикистан восстановил дипотношение с республикой Сан-Томе и Принсипи - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мустақили Сан-Томе ва Принсипи хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Тоҷикистон бо ду кишвари дигари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор кард, хабар медиҳад Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, 24 сентябри соли 2018 дар Ню-Йорк дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 73-юми Маҷмаи Умумии СММ маросими ба имзо расонидани Баёнияи муштараки барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сан-Томе ва Принсипи баргузор гардид.

"Баёнияи муштаракро дар ин хусус аз ҷониби Тоҷикистон Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва аз ҷониби Сан-Томе ва Принсипи Вазири корҳои хориҷии он кишвар Урбино Хосе Ботелҳо ба имзо расониданд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Тоҷикистон ва Иттиҳоди Ҷазоири Комор равобити дипломатӣ роҳандозӣ карда буданд.

Лентаи хабарҳо
0