Бархӯрди ду шикорчии ҷавони тоҷик ба мина дар марз бо Афғонистон

© Фото : Nazir AbbasВ горах Таджикистана, архивное фото
В горах Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ду шикорчии тоҷик дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, ҳангоми сайди мурғи даштӣ дар наздикии марз бо Афғонистон ба мина бархӯрдаанд

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, ба РИА Новости иттилоъ додааст, ки дар пайи таркиши мина Орзу Содиқови 22-сола дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ҳамроҳаш Зуҳуршо Раҳматови 29-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.

КПП Равот на границе Таджикистана и Узбекистана в городе Канибадам, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Охирин монеа: оғози поксозии минаҳо аз миёни Узбакистону Тоҷикистон

Аммо расонаҳои маҳаллӣ иттилоъ додаанд, ки ҳар ду нафар, ки сокинони деҳаи Қавоқи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин будаанд, дар пайи ҳодиса ҷон додаанд.

Феълан додситонии низомии горнизони Кӯлоб ба таҳқиқи ҳодиса оғоз кардааст.

Тоҷикистон соли 2016 қонун дар бораи фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳоро қабул намуда буд.

Раёсати Маркази миллии Тоҷикистон оид ба минаҳо изҳор дошта буд, ки  аз соли 1992 то 2015 дар Тоҷикистон дар пайи таркиши минаҳо 374 нафар ҳалок ва 485 кас маҷруҳ шудаанд.

Ин ниҳод майдони 10,3 километри мураббаъро дар кишвар хатарнок хонда буд ва изҳор дошт, ки бештари майдонҳои хатарнок ба навоҳии тобеи марказ ва сарҳад бо Афғонистон рост меоянд.

Лентаи хабарҳо
0