ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Тавре аз мақомоти умури амнияти Тоҷикистон ба Sputnik хабар доданд, поксозии минаҳо аз навоҳии куҳии наздимарзӣ оғоз гардидааст. Манбаъ изҳор дошт, ки феълан тоза кардани навоҳии ҳаммарз бо шимоли Тоҷикистон дар самти Самарқанду Панҷакент идома дорад.
Тибқи созиши роҳбарони Тоҷикистону Узбакистон марзи ду кишвар бояд то соли 2019 аз минаҳо тоза карда шавад.
Тоҷикистон соли 2016 қонун дар бораи фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳоро қабул намуда буд.
Раёсати Маркази миллии Тоҷикистон оид ба минаҳо изҳор дошта буд, ки аз соли 1992 то 2015 дар Тоҷикистон дар пайи таркиши минаҳо 374 нафар ҳалок ва 485 кас маҷруҳ шудаанд.
Ин ниҳод майдони 10,3 километри мураббаъро дар кишвар хатарнок хонда буд ва изҳор дошт, ки бештари майдонҳои хатарнок ба навоҳии тобеи марказ ва сарҳад бо Афғонистон рост меоянд.