ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба зодрӯзи мутафаккири барҷаста Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ симпозиуми байналмилалии илмӣ таҳти унвони “Мавлоно – васлгари халқҳо ва тамаддунҳо” ба кори худ оғоз кард.
Дар он олимону муҳаққиқон ва донишмандони Тоҷикистон, Туркия, Узбакистон, Эрону Афғонистон ва Олмон иштирок доранд.
Тибқи барномаи таҳияшуда, дар симпозиум масъалаҳои “Мавлоно ва мавлавишиносӣ дар Осиёи Марказӣ”, “Мавлоно ва мавлавишиносӣ дар Туркия”, “Нақш ва мақоми Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар густариши фарҳанги мадоро дар ҷаҳон”, “Масъалаҳои рӯзгор ва осоршиносии Мавлоно”, “Андешаву афкори фалсафӣ, ахлоқӣ ва эстетикии Мавлоно”, “Маснавии маънавӣ ва нақши он дар адабиёт ва фарҳанги ҷаҳон”, “Мавлоно ва ҷаҳони муосир” мавриди муҳокима қарор мегиранд.