Бейонсе номи фарзандонашро ба хотири Ҷалолиддини Румӣ иваз кард

© REUTERS \ Lucy Nicholson / БейонсеБейонсе, архивное фото
Бейонсе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Баъзеҳо мегӯянд, ки Бейонсе дар паи таваҷҷӯҳ ба ашъори Ҷалолиддини Румӣ, писарашро Румӣ номида ва исми духтарашро Сэр гузоштааст, ки эҳтимолан аз қаҳрамонони ашъори мутафаккир бошад

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Бейонсе ба хотири Ҷалолиддини Румӣ номи фарзандонашро иваз кард.

Бино ба иттилоъи  TMZ, овозхони номдори амрикоӣ барои дугоникҳояш номҳои ҷадид Румӣ ва Сэр интихоб кардааст.

Анджелина Джоли ва Брэд Питт, Акс аз богйонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Брэд Питт: ман ғамгинам, вале беҳбудии фарзандонам аз ин муҳимтар аст

Қабалан бархе аз расонаҳои ҷаҳонӣ иттилоъ дода буданд, ки Бейонсе исми писарашро ба хотири падари ӯ — Шон гузошта ва номи духтарашро — Бея исми кӯтоҳшудаи худи Бейонси гузоштааст.

Баъзеҳо ҳадс мезананд, ки Бейонсе дар паи таваҷҷӯҳ ба ашъори Ҷалолиддини Румӣ, писарашро Румӣ номидаву исми духтарашро эҳтимолан аз шеърҳои мутафаккир яъне — Сэр гирифта бошад.

Хабар дода мешавад, ки кӯдакон аз рӯзи нахустини ба дунё омадан, аъзоёни фаъоли ширкати Картер шуда, ҳамакнун таҳти номҳои Румӣ ва Сэр маҳсулоти ороишӣ, либос ва бозичаҳо истеҳсол мешаванд.

Бейонсе 12 июн бори дуюм фарзанддор шуд. Духтари бузурги овозхони машҳур — Блю Айви ном дорад.

Лентаи хабарҳо
0