Андуҳи Эмомалӣ Раҳмон аз ҳалокату ҷароҳати одамон дар Қрим

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин и президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент РФ Владимир Путин и президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия барқияи тасаллият ирсол кардааст

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паём ба Путин андуҳи гаронашро аз хабари фоҷиабори ҳалокат ва захмӣ шудани одамон ба асари амали даҳшатангези зӯроварона дар Коллеҷи политехникии шаҳри Керч, баён доштааст.

“Тасаллияти амиқ ва ҳамдардиамонро ба пайвандону наздикони ҳалокшудагон изҳор дошта, ба тамоми захмишудагон шифои ҳарчи зудтар таманно дорем”, - омадааст дар барқия.

Пеш аз зуҳри 17 октябр бар асари тирпаронии як донишҷӯи Коллеҷи политехникии шаҳри Керч ва таркиш 20 нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 50 нафар маҷруҳ гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0