Ҷаласаи ВМКБ : таъкиди Ятимов ва Юсуф Раҳмон, иқрори Ёдгор Файзов - дар як моҳ намешавад

© © Россия для всехДиректор фонда Ага-Хана в Таджикистане Ёдгор Файзов, архивное фото
Директор фонда Ага-Хана в Таджикистане  Ёдгор Файзов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси КДАМ Тоҷикистон аз фаъол будани гурӯҳҳои ҷиноятӣ дар ВМКБ изҳори нигаронӣ карда, таъкид доштаааст, ки минбаъд ҷинояткорон ҳатман муҷозот мешаванд. Додситони кулли Тоҷикистон гуфтааст, "то силоҳи охирин ҷамъоварӣ карда нашавад, дар бораи таъмини амнияти аҳолии осоишта ҳарф задан бефоида аст". Раиси вилоят изҳор доштааст, ки барои ислоҳи тамоми кумбудиҳо як моҳ кофӣ нест

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Дар вилояти Бадахшон 16 октябр маҷлиси фаъолони ВМКБ баргузор гардид. Дар он аз фаъолияти якмоҳаи Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният натиҷагирӣ карда шуд. Дар маҷлис раиси вилоят Ёдгор Файзов, раиси Кумитаи давлатии амнияти милилии Тоҷикистон Саймуъмин Ятимов ва додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ширкат доштанд.

Хабаргузории "Ховар" аз суханронии роҳбарон дар ин маҷлис гузориши вижа додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, дар маҷлис сараввал раиси КДАМ  Саймуъмин Ятимов баромад карда,  изҳори нигаронӣ кардааст, ки дар вилоят ҳолатҳои нигоҳдории ғайриқонунии силоҳ,  гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир  ва фаъолии гурӯҳҳои муташакиили ҷиноӣ ба назар мерасад.

"Ҳарчанд аксари сокинони ВМКБ маърифатпарвару самимӣ ва меҳмоннавозу меҳнатдӯстанд, мутаассифона кирдорҳои шахсони алоҳида аз қабили даст доштан дар гардиши ғайриқонунии силоҳи оташфишон ва маводи мухаддир, риоя накардани талаботи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ ин мардуми банангу ори кӯҳистони тоҷикро аз ҷиҳати манфӣ муаррифӣ менамояд”,- таъкид доштааст ӯ.

Пост при въезде в Горно-Бадахшанскую автономную область - Sputnik Тоҷикистон
Таҳкими тадобири амниятӣ дар Хоруғ ва дархости сокинони ВМКБ аз Ҳукумат

Ба гуфтаи Ятимов, дар Бадахшон то ҳол дар баъзе ҳолатҳо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ  аз роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллӣ нуфузи бештар доранд.

"Роҳбарони ин гурӯҳҳо бемонеа ҳангоми тақсими замин ба аҳолӣ, сафарбар намудани ҷавонони қобили хизмати ҳарбӣ ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ва дигар ҳолатҳо қонунҳои нонавиштаи худро амалӣ мекунанд, ки бори дигар аз таъсири онҳо ба ҷомеа шаҳодат медиҳад. Фаъолияти чунин гурӯҳҳо асосан дар маркази вилоят-шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнону Рӯшон ва Роштқалъа эҳсос мешавад ва ҷавонони зиёдеро ба сафи худ ҷалб намудаанд", - нигарон шудааст вай.

Ятимов таъкид доштааст, ки минбаъд дар вилоят ҷинояткорон ҳатман муҷозот хоҳанд шуд. Вай ҳамчунин ба сокинони вилоят муроҷиат кардааст, ки аз фаъолияти Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини волоияти қонун ва ҳузури ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар таҳлука набошанд.

Зеро онҳо дар дохили мамлакат дар асоси қонунҳои амалкунандаи кишвар ҳуқуқи пурра доранд, ки дар мавзеъҳо ва дар ҳолатҳои зарурӣ ба мақсади таъмини тартиботи ҷамъиятӣ амалиёт роҳандозӣ намоянд, ки ин аз амалиёти ҷангӣ ба куллӣ фарқ дорад, изҳор доштааст ӯ.

Подготовка ГБАО к Наврузу - Sputnik Тоҷикистон
"Дар се рӯз силоҳҳоро супоред": муроҷиати Ситоди таъмини амният дар ВМКБ

Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон  таъкид кардааст, ки "дар дасти аҳолӣ то ҳанӯз силоҳи ғайриқонунӣ мавҷуд аст ва то силоҳи охирин ҷамъоварӣ карда нашавад, дар бораи таъмини амнияти аҳолии осоишта ҳарф задан бефоида аст".

Юсуф Раҳмон ҳамчунин аз қарзҳои бонкӣ ва риоя нашудани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим аз ҷониби бархе сокинони вилоят изҳори нигаронӣ карда, афзудааст, ки ин мушкилиҳо ҳалталабанд.

Раиси вилояти Бадахшон Ёдгор Файзов дар суханрониаш, изҳор доштааст, ки дар тӯли як моҳ дар вилоят тадбирҳои ҷиддӣ амалӣ шуданд. Аммо барои ислоҳи тамоми камбудиҳо ин вақт кофӣ нест.

"Ҳалли пурраи камбудиҳое, ки зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилоят аз ҷониби раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон баён гардиданд, муҳлати зиёдро тақозо дорад ва дар давоми як моҳ наметавон онҳоро ба пуррагӣ бартараф намуд", - изҳор доштааст вай.

Директор фонда Ага-Хана в Таджикистане  Ёдгор Файзов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ёдгор Файзов: вазъ дар Бадахшон ором аст

Файзов изҳори умедворӣ кардааст, ки саркардагони гурӯҳҳои ҷиноӣ ба ҳаёти муқаррарӣ бармегарданд.

"Ба таври комил аз таъсири гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ баровардани нафароне, ки солҳо бо онҳо ҳамкорӣ доранд, масъулияти ҷиддиро тақозо мекунад. Аммо ҳар яки мо бояд масъулияти ҷиддиро эҳсос намуда, ба пуррагӣ силоҳи дар дасти аҳолӣ мавҷудбуда ба сохторҳои дахлдор супорида шавад ва роҳбарону саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ба ҳаёти муқаррарии осоишта бозгарданд", - изҳор доштааст вай.

Ёдрас мешавем, мавзӯи вазъи Бадахшон пас аз сафари раисҷумҳур ба вилоят ва интиқодаш аз  қонуншиканӣ дар бархе аз навоҳии он сархатти хабарҳову баҳсҳо гашт.

"Ҳазор нафар дар шаҳри Хоруғ соҳиби нақлиёт бошад, 27 ҳазори дигар бенақлиёт аст. Чӣ, онҳоро пахш карда мегузаранд? Ҳуқуқи онҳо, озодии онҳо, амнияти онҳо чӣ мешавад?", — суол гузошта буд Эмомалӣ Раҳмон

Ӯ афзуд, давлат дар асоси Конститутсия вазифадор аст, ки амнияти шаҳрвандонро, тартиботи ҷамъиятиро таъмин намояд ва аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла кормандони БДА хост, вазифаҳои хидматияшонро иҷро кунанду тартибот дар роҳро таъмин намоянд.

Лентаи хабарҳо
0