ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Тавре аз котиботи Ҳукумати ВМКБ ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд, таҳкими тадобири амниятӣ, аз ҷумла ташкили “блокпост”-ҳо дар доираи чорабиниҳо барои таъмини тартибот, ки бо дастури раисиҷумҳур идома дорад, сурат гирифтааст.
Манбаъ афзуд, ки бозтоби ташкили дидбонгоҳҳо дар шабакаҳои интернетӣ ҳамчун тайёрӣ ба амалиёти низомӣ, “дасиса ва иғвои гуруҳҳои ҷинояткор мебошад”.
“Ташкили дидбонгоҳҳо барои таъмини амнияти худи шаҳрвандон ва алайҳи афроде мебошад, ки ба қонуншиканиҳо роҳ медиҳанд”, - изҳор доштанд дар котиботи Ҳукумати ВМКБ.
Ин дар ҳолест имрӯз 15 октябр як моҳ - муҳлати додаи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои таъмини волоияти қонун ва тартибот дар ВМКБ сипарӣ мешавад.
Масъулини ВМКБ мегӯянд, барои ҷамъбасти натиҷаи чорабиниҳо дар як моҳи муқарраркардаи раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 16 октябр дар шаҳри Хоруғ ҷаласаи калон бо иштироки намояндагони мақомоти сатҳи ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ дар назар аст.
Дар ҳамин ҳол гуруҳи сокинони ВМКБ бо нашри як муроҷиатнома ба унвонии Ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон хостори шаффофият ва иштироки бештари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар фаъолияти Ситоди байниидоравӣ шуданд, ки ба таъмини волоияти қонуну тартибот дар ВМКБ машғул мебошад.
Муроҷиаткунандагон бо изҳори пуштибонӣ аз дастури раисиҷумҳур барои мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар қонуншиканиҳо таъкид намуданд, ки ҳар ҷинояткор бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад.
Дар раванди мубориза бо қонуншиканиҳо, гуруҳи сокинони ВМКБ зарур хонданд, ки қонунгузории кишвар ва меъёрҳои байналмилалӣ бояд риоя карда шаванд. Муроҷиаткунандагон аз ҷумла дархост намудаанд, ки ба паҳнсозии хабарҳои воҳимабарангез ва часпондани тамғаи нашъаҷаллобу силоҳбадаст нисбати сокинони ВМКБ хотима дода шаваду меъёри қонунгузорӣ дар бораи эҳтимолияти бегуноҳӣ, то содир шудани ҳукми додгоҳ риоя гардад.