Шаффоф ва майда-чуйда ҳам қабул: шеваи нави қарзгирӣ ва гилаи Нурмаҳмадзода аз гаравфурӯшӣ

© Пресс-служба президента РТНурмахмадзода Джамшед Председатель Национального банка Таджикистана, архивное фото
Нурмахмадзода Джамшед Председатель Национального банка Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қонун дар бораи гарави молу мулк ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшударо дар таҳрири нав қабул кард

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, зимни муаррифии лоиҳа гуфт, бар асоси он феҳрасти электроние ташкил мегардад, ки шафофиятро дар бахши қарзу гарав таъмин мекунад.

Люди стоят в очередях в банкоматам Анроинвестбанка. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Гузориши нави WEF: бонкҳо ва интернети Тоҷикистон дар феҳрасти бадтаринҳо

Ба гуфтаи раиси Бонки Миллӣ, ба феҳрасти мазкур мақомот ва ташкилоти қарзӣ дастрасӣ пайдо мекунанд ва уҳдадориҳо дар назди кредиторон шафоф аз рӯи навбат иҷро мегарданд.

Инчунин бар асоси тағйироти нав молу мулки майда ҳар чӣ бештар ба муомилот дар бахши бонкӣ ҷалб карда мешаванд.

Зимни ҷаласаи парлумон Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон дар хитоб ба бонкдори асосии кишвар аз буҳрон дар ин бахш интиқод кард, ки сарфи назар аз талошҳои тайи солҳои охир, ҳанӯз ҳам бартараф нашудааст.  

Раиси Бонки Миллӣ дар навбати худ изҳор дошт, ки номувофиқатии арзиши гарав бо маблағҳои гирифташуда аз бонкҳо дар ҳоли ҳозоир ба фаъолияти бонкҳо таъсири манфӣ расондааст.

“Қариб дар ҳаҷми 3,5 миллиард сомонӣ гарав барои бозфурӯш гирифта шудааст. Фурӯши он низ яке аз мушкилиҳо мебошад”, - изҳор дошт Нурмаҳмадзода.

Маҷлиси ҳукуматии ҶТ, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Таъсиси ниҳоди нав: Талош барои ҳалли мушкилоти бонкию саргардонии мизоҷон

Раиси Бонки Миллиро меъёри феълии қонунгузорӣ нигарон кардааст, ки бар асоси он фурӯши моли гарав бояд танҳо баъди чанд расмиёт амалӣ карда шавад.

“Ҳоло суд  бегона мекунад, ё тарафи гарав дасткашӣ мекунад, сипас бонк ҳуқуқи фурӯши ин амволро пайдо мекунад”, - изҳор дошт Нурмаҳмадзода.

Вай афзуд, дар назар аст, ки дар оянда барои содда кардани ин раванд ба қонунгузории Тоҷикистон пешниҳодҳо ироа шаванд ва феълан таҷрибаи Русияро дар ин маврид омӯхта истодаанд.

Лентаи хабарҳо
0