Гузориши нави WEF: бонкҳо ва интернети Тоҷикистон дар феҳрасти бадтаринҳо

© SputnikЛюди стоят в очередях в банкоматам Анроинвестбанка. Архивное фото
Люди стоят в очередях в банкоматам Анроинвестбанка. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ, World Economic Forum, рақобатпазирии 140 кишвари ҷаҳонро раддабандӣ карда, Тоҷикистонро дар мақоми 102 ҷой додааст

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Тибқи гузориши ҷадиди WEF, ки 16 октябр нашр гардид, Тоҷикистон дар пайи ҷамъбасти 12 нишондоди рақобатпазирӣ дар ҷаҳон дар мақоми 102 қарор гирифт, ки бадтарин нишондиҳанда дар минтақаи АвруОсиё мебошад. Туркманистон ва Узбакистон шомили ин гузориш нашудаанд. 

Агроинвестбанк, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бонки Миллӣ: кори "Агроинвестбонк" баду аз "Тоҷиксодиротбонк" беҳтар

Низоми бонкӣ ва хадамоти молиявии Тоҷикистон аз 100 холи имконпазир 46 холро соҳиб шуда, дар мақоми 125-ум қарор гирифтааст.

Бахши технологияи ҷадиди иттилоотию коммуникатсионӣ дар Тоҷикистон, ки интернету алоқаро низ фаро мегирад, аз 100 холи имконпазир ҳамагӣ 33 хол гирифта, дар зинаи 108-ум ҷой дорад. Тоҷикистон дар бахши инноватсия бо 27 хол мақоми 116-ум  гирифтааст.

Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (World Economic Forum) натоиҷи мазкурро бар асоси баҳодиҳӣ ба рақобатпазирии иқтисоди кишварҳо аз рӯи 12 бахш таҳия мекунад.

Пожилой человек сидит на скамейке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон фоизи бонк аз хидмат ба нафақахӯронро кам кард

Тоҷикистон аз рӯи сифати муассисаю ниҳодҳо дар мақоми 81, инфрасохтор – 87, қабули технологияҳои нави иттилоотию коммуникатсионӣ – 108, фазои макроиқтисодӣ – 109, тандурустӣ – 93, малака – 72, маҳсулот дар бозор – 64, бозори меҳнат – 70, низоми молиявӣ – 125, ҳаҷми бозор – 122, рушди соҳибкорӣ – 102 ва иқтидори инноватсионӣ дар мақоми 116-ум қарор гирифтааст.

Гузоришгарони WEF коғазбозиҳо, андоз, сатҳи таваррум, фасод, танзими қурби асъори хориҷӣ ва дастрасии заиф ба хидматрасониҳои молиявӣ, аз ҷумла қарзҳоро аз мушкилоти аслӣ дар роҳи рушди Тоҷикистон хондаанд.

Лентаи хабарҳо
0