Роҳбари UFC: муносибати мо бо Ҳабиб хубаст

© AP / John LocherХабиб Нурмагомедов, архивное фото
Хабиб Нурмагомедов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дэйна Уайт роҳбари UFC эълон намудааст, ки варзишкори русиягӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов муҳорибаҳои худро дар ташкилоти UFC идома медиҳад

 ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Варзишкори навъи муҳорибаҳои омехта Ҳабиб Нурмуҳаммедов баромадашро дар Ҷоми муҳорибаҳои омехта (UFC) идома хоҳад дод, гуфтааст роҳбари ин ташкилот Дэна Уайт.

“Миёни мову Ҳабиб мушкиле нест, муносибаҳои мо хуб аст. Намедонам, ки  рақиби ояндаи ӯ ки мешавад. Дар ин бора то ҳол суҳбат накардем, ин масъаларо баъд ҳал хоҳем кард. Ҳабиб дар UFC мемонад”, - афзуд Уайт дар суҳбат бо TMZ Sports.

Баъд аз рақобати Ҳабиб бо Макгрегор ташкилоти UFC муҳорибаи дарпешистодаи  рафиқи ӯ Зубайра Тухуговро лағв кард. Пас аз ин тасмим Нурмуҳаммедов эълон кард, ки ташкилотро тарк хоҳад кард.

Хабиб Нурмагомедов и Конор Макгрегор  - Sputnik Тоҷикистон
Ҳабиб аз муҳорибаи такрорӣ бо Конор даст кашид

“Сарнавишти Тухугов норушан аст, намедонам ӯро чӣ интизор аст”, - таъкид кард роҳбари UFC.

Ёдрас мешавем, муҳорибаи деринтизор ва пурсарусадои Ҳабиб ва варзишкори ирладӣ Конор Макгрегор  6 октябр дар Лас-Вегас баргузор шуд. Дар муҳориба варзмшкори доғистонӣ ҳарифашро мағлуб кард. Аммо дар посух ба дашномҳои ҷонибдорони Конор худро аз майдон партофта, ба онҳо дарафтод.

Лентаи хабарҳо
0