ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Чанде аз расонаҳои эронӣ, аз қабили fararu.com, khabarban.com, tadbir24.ir хабар доданд, ки бар асари зарбаҳои мушакии Эрон дар шаҳри Ал-Букмали Сурия яке аз аз роҳбарони “ДОИШ”, Абу Алӣ ал-Машҳаданӣ кушта шуд.
Тибқи иттилои РИА Новости, зимни нашри ин хабар расонаҳои Эрон акси Муътабар Тораева, зани ришдор аз Қазоқистонро нашр намудаанд.
Қаблан Sputnik Қазоқистон суҳбат бо Муътабар Тораеваи 70-соларо нашр кард, ки 35 соли охир бо риш зиндагӣ мекунад. Ӯ гуфт, бо ин доди Худо фахр мекунад.
“Шавҳарам ҳамеша бо ман фахр мекард. Мегуфт, ки ман ягонаи ӯ ҳастам ва касе мисли вай зан надорад” – зикр карда буд Муътабар.
Ҳамсари зан, ки музадӯз будааст, ҳафт сол пеш вафот кардааст.