ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Муътабар Тораева - зани ҳафтодсолае дар ҷануби Қазоқистон дар миёни сокинони маҳал машҳур аст: ӯ муддати 35 сол аст, ки риш мондааст.
Зан дар мусоҳибаи ихтисосӣ ба Sputnik дар бораи намуди зоҳирии ғайриоддиаш ва сабабҳои натарошидани ришаш гуфт.
Риши занона – мерос аз гузаштагон
Муътабарапа, чигунае, ки ӯро хешовандон ва наздиконаш бо эҳтиром ном мебаранд, дар оилаи серфарзанд ба дунё омадааст. Баромадани мӯй дар руй барои зан ҳеҷ гоҳ ҳайратовар набудааст, зеро модараш, хоҳараш ва бибии модарияш ришдор будаанд. Тӯли 35 сол аст, ки рӯи зебову занонаи Муътабар Тораева зери риш мондааст.
“Дар 34-35 солагиям дар рӯям риш баромад. Он вақт ман соҳиби шавҳар ва ду фарзанд - духтару писар будам. Ба мӯйҳои баромада дар рӯям, ки дар аввал кам буданд, аҳамияте намедодам. Баъдтар онҳо зиёд шуданд. Сипас мӯйлаб баромад”, - қиссашро оғоз кард Муътабарбибӣ.
Зан мегӯяд, ки дар маҳаллаашон бе ёдоваршавии калимаи “ришдор” ӯро кам одамоне мешиносанд.
“Шавҳарам ҳамеша бо ман фахр мекард. Мегуфт, ки ман ягонаи ӯ ҳастам ва касе мисли вай зан надорад” - ёдовар мешавад Муътабар.
Ҳамсари зан, ки музадӯз будааст, ҳафт сол пеш вафот кардааст.
“Вақте, ки ришҳои ман мебаромаданд, ӯ тааҷҷуб намекард. Баръакс, мегуфт нигоҳубин кардан лозим, ин доди Худо аст. Вақте, ки шавҳарам маро дастгирӣ мекунад, ман аз чӣ тарсам? Вай ҳатто хурсандӣ мекард, ки занам машҳур гашта истодааст”, - афзуд Муътабарбибӣ.
Ришамро боре натарошидаам
Тӯли 35 сол аст, ки Муътабар Тораева аз ришаш ҷудо намешавад. Давоми ин солҳо вай боре ҳам риш натарошидааст.
Дар хаёли Муътабарбибӣ суханҳои пиразане, ки дар вақти ифтор ба ӯ гуфта буд, нақш бастаанд. Зан тавсия додааст, ки ҳеҷ гоҳ ришашро натарошад.
“Вай ба ман гуфт, агар ришамро тарошам, бемор мешавам. Ӯ гуфта буд, ман шахси оддӣ нестам ва дар авлодам шахсони ботақвои дорои қобилияти шифобахшӣ будаанд. Дар ҳақиқат бобокалони ман муллои машҳур ва дорои қобилияти давобахш будааст”, - ёдовар шудааст Муътабарбибӣ.
Ӯ қайд мекунад, ки “ҳеч гоҳ аз роҳи дин рӯй нагардонидаам ва ҳар рӯз намози панҷвақтаамро ба ҷо меорам”.
Ҳоло дароизии риши зан 15-16 сантиметрро ташкил дода, байнашон сафедиҳо низ намоён мешаванд.
“Ман ришамро ранг намекунам. Ҳамсоязан шӯхӣ мекунад, ки “агар мӯятро ранг кардӣ, ришатро ҳам аз ёд набарор”, - мегӯяд вай.
Аҷибу даҳшатнок
Муътабарбибӣ аллакай бо нигоҳҳои тааҷҷубомези мардум одат кардааст.
“Касе аз қудои ман пурсидааст, ки оё шабҳо ба мард табдил намеёбам. Мо ба ин гап аз таҳти дил хандидем. Ин хел шухиҳо бештар дар маъракаҳо ва ҷойҳои серодам мешаванд”, - илова кардааст зани ришдор.
“Ман бо ришам мефахрам”
Муътабарбибӣ мегӯяд, бо риши дарозаш, ки ӯро машҳур кард, ифтихор мекунад.
“Тез-тез ба Тошканд меравам. Онҷо маро ҳатто кормандони гузаргоҳҳои марзӣ мешиносанд. Се сол пеш чашмамро ҷарроҳӣ кардам. Рости гап, хело тарсидам, ки кур мешавам. Шукри Аллоҳ ҳамааш хуб гузашт. Табиби тошкандӣ маро мисли модараш қабул кард. Дар гузаргоҳҳои марзӣ ҳамеша аз саломатии ман пурсон мешаванд. Баъзеҳо фикр мекунанд, ки ман ҳаҷ кардаам. Аз ин хиҷолат мекашам, охир саломатиям намегузорад, ки ба зиёрати хонаи Худо равам”, - афзудааст вай.
Зани ришдорро аз Қазоқистон ба дигар кишварҳо барои наворбардории филмҳо даъват кардаанд. Аммо ӯ рад кардааст.
Чанде пеш Муътабарбибӣ дар телевизиони Украина баромад кардааст.
Дар деҳааш зани ришдорро ҳама эҳтиром мекунанд ва ҳамеша ӯро барои гузаронидани маросимҳои миллии қазоқӣ даъват мекунанд. Масалан, ӯро барои буридани банди пеши роҳи кӯдак (маросимест дар Қазоқистон, ки ҳангоми аввалин қадамгузории кӯдак анҷом медиҳанд - идора) ҳамеша даъват мекунанд. Кам нестанд ашхосе, ки аз ӯ дуои хайр мепурсанд.
Пиразани ришдор як воситаи дилхушӣ барои набераю аберагон гаштааст. Кӯдакон барои худ кори шавқовареро, яъне ҳисобу китоби торҳои риши бибӣ ва нигоҳубини онҳоро пайдо кардаанд.