Канг-бобо, боғдори калони Тоҷикистон - қаҳрамони расонаҳо дар Чин (ВИДЕО)

© Sputnik / Амир ИсаевПридорожная черешня
Придорожная черешня - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Расонаи давлатии “Синхуа”, ки бузургтарин дар Чин аст, аз фаъолияти як боғдори чинӣ ва коргарони тоҷикаш гузориши видеоие нашр намудааст

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Чин дар Ҳисор боғеро ташкил кардааст, ки беш аз 40 ҳазор дарахти гелос дорад ва  ҳосили солонааш то 4 ҳазор тоннаро ташкил хоҳад дод. Боғи мазкур, ки ба иттилои “Синхуа”, дуюмин калонтарин боғ дар кишвар мебошад, аз ҷониби корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин дар доираи лоиҳаи чинии  "Як банд-як роҳ " ташкил шудааст.

Як коргари тоҷикистонии ин боғ, ки дар гузориши “Синхуа”, Шарипова муаррифӣ шудааст, гуфт, дарахтон ҳанӯз хурданд ва ҳосилашон низ кам мебошад.

“Вақте калон мешаванд, зиёд хоҳад шуд. Кор хуб, ҳама кор мекунанд. Чиниҳо ин ҷо Ченг бобо, Канг бобо ҳамроҳамон хуб кор мекунанд. Хеле хуб”, - гуфт Шарипова.

Канг Жонгю, молики боғи олуи Ҳисор дар гузориш аз шароити корӣ изҳори қаноатмандӣ карда, изҳор доштааст, ки дар оянда меваи боғаш ба Чин содир мешавад ва ин хеле муфид мебошад.

Боздиди Ли Кетсиян, сарвазири Шӯрои давлатии Чин ва ҳамсараш аз Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Нонпазии ҳамсари сарвазири Чин дар истироҳатгоҳи Варзоб

“Чин бозори бисёр калон аст мизоҷони зиёдро пайдо хоҳем кард. Бисёр мехоҳам, ки корхонаҳои чинӣ бештар дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд, он гоҳ ояндаи беҳтаре хоҳем дошт”, - изҳор дошт Канг бобо.

Ӯ таъкид намуд, ки маҳз ба шарофати лоиҳаи  “Як банд-як роҳ" боғро дар Ҳисор ташкил кард.

“Ман умед дорам, ки дӯстии Тоҷикистону Чин аз насл ба наслҳо хоҳад гузашт”, -афзуд Канг-бобо.

Лентаи хабарҳо
0