Нонпазии ҳамсари сарвазири Чин дар истироҳатгоҳи Варзоб

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонБоздиди Ли Кетсиян, сарвазири Шӯрои давлатии Чин ва ҳамсараш аз Тоҷикистон
Боздиди Ли Кетсиян, сарвазири Шӯрои давлатии Чин ва ҳамсараш аз Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ли Кетсиян, сарвазири Шӯрои давлатии Чин ва ҳамсараш баъди зуҳри 13 октябр аз минтақаҳои истироҳатии ноҳияи Варзоб боздид кардаанд

ДУШАНБЕ, 14 окт – Sputnik. Тибқи иттилои хабаргузории “Ховар” меҳмонон зимни боздид аз Варзоб бо намунаи ҳунарҳои мардумии тоҷикон ва намудҳои гуногуни таомҳои миллӣ шинос шуданд.

“Таваҷҷуҳи зиёд ба ҳунари нонпазии мардуми тоҷик зоҳир карда шуд ва ҳамсари сарвазири Чин  бо завқи беандоза ба санъати волои нонпазии мардуми тоҷик ҳунари нонпазии хешро мавриди санҷиш қарор дод”, - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонБоздиди Ли Кетсиян, сарвазири Шӯрои давлатии Чин ва ҳамсараш аз Тоҷикистон
Нонпазии ҳамсари сарвазири Чин дар истироҳатгоҳи Варзоб - Sputnik Тоҷикистон
Боздиди Ли Кетсиян, сарвазири Шӯрои давлатии Чин ва ҳамсараш аз Тоҷикистон

Манбаъ афзуд, ки дар ин макони истироҳатию фароғатии Тоҷикистон ҳайати меҳмонон бо санъати меъморию кандакории миллати тоҷик шинос шуда, ба ин рукни санъати тоҷик баҳои баланд доданд.

“Ховар” иттилоъ додааст, ки инчунин меҳмонони олимақоми Тоҷикистон манзараҳои дилфиреби ноҳияи Варзобро аксбардорӣ намуда, таъкид доштанд, ки чунин манзараҳо дар воқеъ дар минтақа ва ҷаҳон нодиру беҳамтоянд.

Лентаи хабарҳо
0