ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Далели афзоиши таваҷҷуҳи Чин ба харҳо дар Осиёи Марказиро расонаи ВВС ба манъи содироти ин навъи ҳайвонот аз кишварҳои африқоӣ ва афзоиши талабот ба хар дар бозори чинӣ рабт додааст.
Ба иттилои манбаъ, Чин асосан аз харҳо як навъ “нӯшобаи ҷавонӣ” – ро истеҳсол мекунад, ки дар ин кишвар маъруфияти зиёд дорад. Харҳо инчунин дар бахшҳои дигар, аз ҷумла хӯрокворӣ истифода мешаванд. Ба бовари чиниҳо навъи дору, ки бо истифодаи пӯсти хар тавлид карда мешавад, барои ҷавон нигоҳ доштани пӯсти инсон, табобати камхунӣ, безурётӣ ва саратон фоидаи зиёд дорад.
Гарчанде Кумитаи ҳифзи тандурустии Чин хусусиятҳои ин навъи доруро муболиғашуда эълон кардааст, талабот ба он рӯзафзун мебошад.
Ба иттилои ВВС, солона дар Чин беш аз 4 миллион пӯсти хар коркард мешаванд, ки боиси коҳиши саршумори ин ҳайвонот шудааст. Манбаъ таъкид намудааст, ки Чин қаблан харро бештар аз Африқо ворид мекард, аммо дар пайи ҷорӣ намудани маҳдудият дар ин кишварҳо, рӯй ба Осиёи Марказӣ овардааст.
Дар матлаб аз Қирғизистон мисол оварда шудааст, ки шумораи харҳо дар он аз 77 ҳазор сар дар соли 2012 то ба 33 ҳазор дар соли 2017 коҳиш ёфтааст. Дар худи Чин теъдоди харҳо аз 11 миллиони соли 1990 ба 3 миллион дар соли 2017 коҳиш ёфтааст.
Чину Қирғизистон дар бораи тиҷорати хар аз соли 2008 инҷониб созишнома доранд ва ширкатҳои машғул ба ин тиҷорат мегӯянд, ҳайвонотро зинда содир мекунанд ва ҳамин тариқ эҳтимоли истифодаи он дар ғизои сокинони маҳаллӣ, ки аксаран мусалмонанд, хеле кам мебошад.
Алекс Мэйерс, масъули созмони Donkey Charity дар суҳбат бо ВВС изҳор доштааст, ки ба далели талаботи зиёд ва коҳиши шумораи харҳо дар Қирғизистон, ҳолатҳои ворид карданашон аз Тоҷикистон ва ҳамин тариқ интиқолашон ба Чин ҷой дорад. Ӯ ҳушдор додааст, ки дар сурати идома ёфтани ин раванд ба харҳои минтақа хатари нестшавӣ таҳдид мекунад.