Ба донишгоҳи Чин дохил мекунем: порагирии омӯзгор ва сардори амният

© Sputnik / Антон Денисов / Гузариш ба медиабонкДеньги
Деньги - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Устоди донишгоҳи славянӣ ва сардори амнияти дохилии филиали Донишгоҳи давлатии Маскав аз падари довталабе 4000 доллар гирифта, ваъда додаанд, ки бар ивазаш писарашонро ба донишгоҳи Чин дохил мекунанд

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия Фарҳод Мавлонов ва сардори амнияти дохилии филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар Душанбе  Нусратулло Носиров 4000 доллар пора гирифтаанд.

Тавре дафтари матбуотии Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон гузориш медиҳад, устоди донишгоҳ ва сардори амният аз Наҷмиддин Наҷмиддинов пул гирифта, ваъда додаанд, ки писарашро ба донишгоҳи Чин дохил мекунанд.

"Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Мавлонов Фарҳод  ва Носиров Нусратулло  маблағи пулии бо роҳи фиреб гирифтаашонро ба миқдори 4000 доллари ИМА баргардонида маблағи зарарро ҷуброн кардаанд", - менависад ожонс.

Нисбати Мавлонов ва Носиров бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои "б,в,г" КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0