ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Ҷанҷол 11-уми октябр дар наздикии Боғи Некрасов дар Санкт Петербург рух додааст.
Тибқи иттилои “Фонтанка” ва дигар расонаҳои маҳаллии Санкт Петербург дар пайи ҷанҷол як ҷавони доғистонӣ аз зарби корд ба ҳалокат расида, як нафари дигар маҷруҳ гардидааст.
Манбаъ мегӯяд, сабаби муноқиша муносиботи ошиқонаи ҷавони тоҷик бо духтари қирғиз будааст. Духтар хостааст муносиботро қатъ кунад, аммо ҷавони тоҷик мухолиф будааст. Дар натиҷа духтар барои халосӣ аз ҷавони тоҷик аз доғистониҳо кӯмак хостааст. Мулоқоти ҷавонони тоҷику доғистонӣ бо кордзанию марг анҷомидааст.
Пулиси Санкт Петербург изҳор доштааст, ки бархе аз иштирокдорони ин занозанӣ боздошт гардида, барои куштор парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.