Шоми дӯстӣ дар Боғи Ирам: Раҳмон нахуствазири Чин ва ҳамсарашро меҳмондорӣ кард

© пресс-служба РТПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон и премьер Госсовета КНР Ли Кэцян
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и премьер Госсовета КНР Ли Кэцян - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳадаф аз баргузор кардани сайругашти шомгоҳӣ дар мавзеъи хушбоду ҳавои Боғи Ирам муаррифии таъриху тамаддун, фарҳанг, расму оини неки меҳмоннавозии тоҷикона, шиносоӣ бо ҳунарҳои бою қадимаи мардуми тамаддунофари тоҷик гуфта мешавад

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи Ирами пойтахт ба ифтихори ташрифи меҳмони олимақом Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян меҳмондории ғайрирасмӣ барпо кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки нахуствазири Чин бори аввал ба Тоҷикистон сафар мекунад.

"Ҳадаф аз баргузор кардани сайругашти шомгоҳӣ дар мавзеъи хушбоду ҳавои Боғи Ирам муаррифии таъриху тамаддун, фарҳанг, расму оини неки меҳмоннавозии тоҷикона, шиносоӣ бо ҳунарҳои бою қадимаи мардуми тамаддунофари тоҷик, таъомҳои миллӣ, намунаи дастовардҳои ҳунармандони соҳибзавқи кишвар, анвои гуногуни хурока, нону шириниҳо, меваҳои тару тоза ва хуштаъм, хушкмеваҳо ва дигар маҳсулоти кишоварзии сарзамини ганҷхези Тоҷикистон мебошад", - менависад дафтари матбуотии президент.

Эмомалӣ Раҳмон Ли Кетсян ва ҳамсарашро бо намунаи беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ, маҳсули эъҷози устоҳои чирадаст, тарҳи хонаҳои миллӣ, ҳунари зардӯзӣ, кандакорӣ, кулолгарӣ, заргарӣ, намоиши сару либоси мардонаю занонаи миллӣ, сабадбофӣ, табақтарошӣ, нону кулчаҳои ширмол, анвои мухталифи маҳсулоти қаннодӣ, меваву хушкмеваҳои лазизи Тоҷикистон ва таъомҳои гуногуни кадбонуҳои пурҳунар шинос намудааст.

Дар як гӯшаи махсус инчунин имкониятҳои сайёҳии кишвар дар соли Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиш дода шудааст.

"Намоишгоҳ ба меҳмонон хеле мақбул афтод", - таъкид мекунад манбаъ.

 

Лентаи хабарҳо
0