Обу ҳаво: имрӯз дар Тоҷикистон меғ мефарояд

© SputnikТуман в Душанбе, архивное фото
Туман в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо фаромадани туман ё меғ дар назар аст

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Ба иттилои Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок   дар назар аст.    Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -1-6, рӯзона 8+13 ва дар шарқи ин вилоят шабона -9-14 ва рӯзона -1+4 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрнок   шуда,  шамол аз самти ғарб 3-8    метр ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона +6+11  ва рӯзона +18+23  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок   пешгӯӣ шуда,    дар водиҳо шабона +5+10 ва рӯзона 18+23  дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда  шуда,  дар баъзе минтақаҳо фаромадани туман  дар назар аст. Ҳарорат шабона ба +1+6  ва рӯзона ба +16+21   дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда    дар назар буда,  шабона +3+5 ва рӯзона +18+20  дараҷа гарм мешавад.

 

 

Лентаи хабарҳо
0