Амният, муаллимони рус ва ҳамкориҳои низомӣ: Раҳмон бо Медведев мулоқот кард

© Дафтари матбуоти раисҷумҳури ТоҷикистонМулоқоти Раисҷумҳури Тоҷикистон бо Нахуствазири Русия
Мулоқоти Раисҷумҳури Тоҷикистон бо Нахуствазири Русия - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуствазири Русия Дмитрий Медведевро дар Қасри миллат ба ҳузур пазируфт

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Имрӯз, 12 октябр раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе  бо нахуствазири Русия Дмитрий Медведев мулоқот кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳур.

Дар мулоқот пеш аз ҳама таъкид гардидааст, ки Тоҷикистон ба рушди минбаъдаи ҳамгироӣ бо Русия аҳамияти махсус медиҳад.

"Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори рушди тиҷоратию иқтисодӣ, соҳибкорӣ, афзоиши гардиши мол, нақши муҳими Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ, ҳамкорӣ бо ширкатҳои Россия дар самти энергетикаро баррасӣ карданд", - менависад манбаъ.

Дар суҳбат ба масъалаи дастрас кардани маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия  ва суръат бахшидан ба механизми маблағгузорӣ барои бунёди марказҳои нақлиётӣ ва логистикӣ таваҷҷуҳ карда шудааст.

Ҷонибҳо ҳамчунин ҳамкорӣ дар самти таъмини амният ва ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ - техникӣ, андешидани тадбирҳои муштарак оид ба таҳкими иқтидори мудофиавӣ ва сарҳадотро баррасӣ кардаанд.

Ба рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг ва илму маориф, хусусан бо роҳи бунёди мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон, фароҳам овардани имконияти бештар ба ҷавонони тоҷик барои таҳсил дар мактабҳои русӣ ва ҷалби омӯзгорони русзабон аз Русия  ба мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0