Роҳҳои марказии Душанбе бо далелии баргузоршавии нишасти СҲШ дар пойтахт ду рӯз баста мешавад.
Нисфирӯзии 11 октябр кӯчаҳои Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Рӯдакӣ, Бухоро, Исмоили Сомонӣ барои гузаштани корвони мошинҳои ҳукуматӣ масдуд мешаванд. Рӯзи 12 октябр ҳаракат дар ҳамин кӯчаҳо пас аз нисфирӯзӣ мамнӯъ мешавад.
Кормандони ВУД ба сокинони пойтахт тавсия додаанд, ки дар ин рӯзҳо аз истифодаи нақлиёти шахсӣ даст кашида, аз нақлиёти ҷамъиятӣ корбаст кунанд.
11-12 октябр дар Душанбе нишасти Шӯрои сарони Ҳукуматҳои СҲШ баргузор мешавад. Ба пойтахти Тоҷикистон ҳайъати Русия, Узбакистон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон ва Покистон меҳмон мешаванд.