Президенту ситораҳои санъат пешвоз мегиранд: истиқболи Ватан аз футболбозони наврас

© ФФТФутболбозони навраси Тоҷикистон ҳангоми гирифтани медалҳои нуқраи Ҷоми Осиё
Футболбозони навраси Тоҷикистон ҳангоми гирифтани медалҳои нуқраи Ҷоми Осиё - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Федератсияи футболи Тоҷикистон барномаи пешвози мунтахаби миллии то 16-соларо, ки бо нишони нуқра ва роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон ба Ватан бармегарданд, пешниҳод намудааст

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Тибқи иттилои ФФТ дар назар аст, ки мунтахаби футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон, 10 октябр, тақрибан  соати 12:30 дар  Душанбе фуруд оянд.

Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ - Sputnik Тоҷикистон
Нуқраи баробар ба тилло ва миллионҳо дӯстдор: Рустами Эмомалӣ эҳсосашро гуфт

Манбаъ афзуд, ки истиқболи футболбозон дар назди бинои нави фурудгоҳ бо ҳузури президенти Федератсияи футболи мамлакат, Рустами Эмомалӣ сурат гирифта, нишасти матбуотӣ бо иштироки сармураббӣ  Зайниддин Раҳимов ва капитани даста Эмомалӣ Аҳмадхон ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин дастаи мунтахаби наврасон дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар майдони Дӯстӣ гулчанбар гузошта, ба Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе раҳсипор хоҳад шуд.

“Дар варзишгоҳ консерти идона бо иштироки сарояндагони машҳури кишвар ва беш аз 15 000 тамошобин бо ҳузури футболбозони наврас сурат мегирад”, - иттилоъ дод ФФТ.

Лентаи хабарҳо
0