ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Рустами Эмомалӣ дар суҳбат бо дафтари матбуоти ФФТ изҳор доштааст, ки дар мусобиқаи Ҷоми Осиё, наврасони кишвар зимни бозӣ бо тимҳои пурқуввате чун Кореяи Шимолӣ ва Ҷанубӣ ва Ҷопон иродаи худро нишон доданд.
“Дар бозии ниҳоӣ бо Ҷопон каме бахт омад накард. Аммо бозигарон то охирин сония ҳар кореро ки аз онҳо вобаста буд, анҷом доданду хеле эҳсосоти зиёд барои мо тақдим намуданд. Нуқраи наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё барои мо баробари тилло мебошад”, - изҳор дошт Рустами Эмомалӣ.
Президенти ФФТ таъкид намудааст, ки муҳимтарин натиҷаи қувваозмоии мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё ин мебошад, ки миллионҳо нафар дар кишвар дӯстдори ин тим шуд.
“Ба ҳайати мураббиён бо роҳбарии Зайниддин Раҳимов барои кори анҷомдодаашон ва ба мухлисон барои дастгирӣ изҳори миннатдорӣ мекунам. Аз фурсат истифода бурда, ба тими ҷавонони Тоҷикистон низ дар Ҷоми Осиё, ки ба наздикӣ дар Индонезия сурат мегирад, муваффақият таманно дорам”, - изҳор дошт Рустами Эмомалӣ.
Зайниддин Раҳимов, сармураббии дастаи футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон дар пайи шикаст аз тими Ҷопон бо ҳисоби 0-1 дар бозии ниҳоии Ҷоми Осиё гуфт, бо шогирдонаш фахр мекунад.
Наврасони тоҷик баробари нишони нуқраи Ҷоми Осиё, инчунин роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон дар Перуро ба даст оварданд.