ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба муваффақиятҳои ноилшудаашон нигоҳ накарда, бояд як қатор масъалаҳои баҳснокро танзим кунанд, мегӯяд Мамадазимов.
Пойгоҳи хабарии Eurasianet.org. дар бораи нигоҳи коршинос ба муносибатҳои Тоҷикистону Узбакистон гузориш додааст.
Ба гуфтаи сиёсатшиноси тоҷик Абдуғанӣ Мамадазимов, ҷанбаҳои ҳалнашуда, ки тарафҳо онҳоро акнун бознигарӣ мекунанд, ба ҳамгироии комили Тоҷикистону Узбакистон монеа мешаванд.
"Дар марзи Тоҷикистону Узбакистон чанд ҳудуди минакоришуда боқӣ мемонанд, ки он ба ҳамгироии комили ду кишвар соя меафканад. Агар минтақаҳои мазкур пурра аз мина пок карда шаванд, пас метавон гуфт, ки байни Тоҷикистону Узбакистон дигар мушкилие нест", — таъкид дошт вай.
Баробари ин, ба гуфтаи коршинос, қазияи барқароршавии муносибатҳои Тоҷикистону Узбакистон нишон дод, ки агар кишварҳое чун Амрико мухолифат накунанд, дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ низ муносиботи густурдатаре ба роҳ мемонанд.
"Бозингарони асосии ҷаҳонӣ бо дигар масъалаҳо чун Сурия, баромадани ИМА аз созишномаи ҳастаӣ ва мушкилии Украина банд ҳастанд. Ҳамаи онҳо бо дигар мушкилиҳо саргарм шудаанд, барои ҳамин минтақа ба ҳоли худ мондааст. Тамоми иқдомҳо аз худи минтақа бармеоянд ва сокинон онҳоро ҷонибдорӣ мекунанд", — афзудаст коршинос.