Нуқра дар гардану ашк дар чашм: Раҳимов баҳои 5+ гузошт (АКС)

© дафтари матбуоти ФФТФутболбозони навраси Тоҷикистон ҳангоми гирифтани медалҳои нуқраи Ҷоми Осиё
Футболбозони навраси Тоҷикистон ҳангоми гирифтани медалҳои нуқраи Ҷоми Осиё - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зайниддин Раҳимов, сармураббии дастаи футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон дар пайи шикаст аз тими Ҷопон бо ҳисоби 0-1 дар бозии ниҳоии Ҷоми Осиё гуфт, бо шогирдонаш фахр мекунад

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Раҳимов баъди анҷоми сабқат зимни нишасти матбуотӣ гуфт, бачаҳо то охир бо тамоми нерӯ барои тилло талош карданд.

“Ман бо бозингарон ифтихор дорам. Баъди шикаст аз Малайзия бо ҳисоби 6-2 футболбозони тоҷик тавонистанд ба бозӣ баргарданд ва то даври ниҳоӣ расанд. Ташаккур ба футболбозон, ки на танҳо дар бозии ниҳоӣ балки дар тамоми даври мусобиқот ҳамаи нерӯяшонро барои пирӯзӣ равона карданд. Дар бозии ниҳоӣ бахти рақиб омад кард.  Ҳамчунин аз мухлисон барои дастгирӣ миннатдорам”, - изҳор дошт Раҳимов.

Ӯ афзуд, ки ба бозии шогирдонаш дар маҷмуъ баҳои 5+ мегузорад.

© ФФТФутболбозони навраси Тоҷикистон ҳангоми гирифтани медалҳои нуқраи Ҷоми Осиё
Нуқра дар гардану ашк дар чашм: Раҳимов баҳои 5+ гузошт (АКС) - Sputnik Тоҷикистон
Футболбозони навраси Тоҷикистон ҳангоми гирифтани медалҳои нуқраи Ҷоми Осиё

Йоширо Морияма, сармураббии дастаи наврасони Ҷопон низ аз бозии наврасони тоҷик тавсиф карда, изҳор дошт, ки дар бозии ниҳоӣ ду дастаи пурқуваттарини Осиё сабқат карданд.

“Хати дифои тими Тоҷикистон хеле қавист. Вақте бори аввал қувваозмоӣ кардем, мо хеле талош кардем, то як гол ба ҳадаф расонем. Аз он бозӣ то қувваозмоии ниҳоӣ малакаи наврасони тоҷик хеле беҳтар шудааст.  Ҳамлагарони Тоҷикистон низ хеле суръати тез ва афзалиятҳои инфиродӣ доранд, ки хатарҳои зиёде барои тими мо эҷод намуданд”, - гуфт сармураббии тими Ҷопон.

Мухлисони Тоҷикистон аз бозии мунтахаби миллии то 16-сола тавсиф намуда, изҳор доштанд, ки медалҳои нуқраи Ҷоми Осиё ва роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон 2019 дар Перу дастоварди бузургест.

Лентаи хабарҳо
0