Баргузории анҷумани иқтисоди дар Суғд барои барпо намудани алоқаҳои ҳамкорӣ

© Sputnik / Фируз УмарзодаХуджанд, архивное фото
Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бахшида ба даҳ солагии таъсисёбии минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, дар вилояти Суғд анҷумани байналмилалии иқтисодӣ баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik.  Дар рӯзи 11 октябри соли равон дар Кохи фарҳанги “Суғдиён”-и маркази вилоят бахшида ба 10-солагии таъсисёбии минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон Анҷумани байналмилалии иқтисодии “Суғд-2018” таҳти унвони “Дастовардҳо ва имкониятҳои нав” баргузор мегардад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Директор Института актуальной экономики Никита Исаев - Sputnik Тоҷикистон
Исаев: Тоҷикистон барои рушди иқтисод бояд чор корро анҷом диҳад

Ба иттилои манбаъ, анҷумани мазкур бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Маъмурияти МОИ “Суғд”  доир ва дар он дастовардҳои кунунӣ ва густариши фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд.

Тавре манбаъ хабар додааст, дар Анҷуман дар қатори фароҳам овардани замина барои барпо намудани алоқаҳои ҳамкорӣ бо доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузории ватаниву хориҷӣ  масъалаи омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи кишварҳои ҳамсоя низ муҳокима хоҳанд шуд.

Лентаи хабарҳо
0