Ҳар тоҷикистонӣ 320 доллар қарздор: қарзи хориҷӣ ба ҳадди хатардор наздик расид

© SputnikДеньги, архивное фото
Деньги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қарзи берунаи Тоҷикистон ба ҳадди хатарнок наздик омада, феълан 38,9 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад. Ҳадди хатарноки қарзи хориҷӣ 40 дарсади ММД арзёбӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Қарзи берунаи Тоҷикистон сари ҳар сокин 320 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Ин нишондод бо назардошти теъдоди аҳолии Тоҷикистон - беш аз 9 миллион нафар ва ҳаҷми қарзи хориҷӣ дар моҳи июли соли 2018 - 3 миллиард доллари амрикоӣ ироа шудааст.

Тибқи иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон, дар ҷамъбасти нимсолаи аввал қарзи хориҷии Тоҷикистон ба  38,9 дарсади ММД баробар шуда, барои таъминоти он  90,6 миллион доллар сарф шудааст.

Табличка с логотипом Международного валютного фонда на стене здания МВФ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
ХБА метавонад барномаи нави қарздиҳии имтиёзнокро дар Тоҷикистон роҳандозӣ намояд

Қаблан иттилоъ дода шуд, ки солҳои 2018-2020 давраи асосии баргардонидани қарзҳои хориҷии кишвар мебошад.  Маҳдудаи 40 дарсадӣ ҳангоми гирифтани қарзи хориҷӣ феълан риоя шуда истодааст.

Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон азм дорад, ки ҳадди ниҳоии қарзҳои хориҷиро аз 40%-и ММД ба  60% боло барад.

Дар нимсолаи аввали соли 2018 Тоҷикистон 8 созишномаи қарзию грантӣ ба маблағи 267,5 миллион долларро ба имзо расонд, ки 153 миллион доллар грант  ва 114,2 миллион доллар қарз мебошад.

Вазорати молияи Тоҷикистон изҳор доштааст, ки дар солҳои 2018-2019 танҳо грантҳои созмонҳои молиявии байналмилалӣ,  аз ҷумла Бонки ҷаҳониро ҷалб хоҳад кард.

Қаблан ожонси “Fitch Ratings” ба далели сатҳи баланди қарзи хориҷӣ Тоҷикистонро аз нигоҳи сиёсӣ осебпазир баҳогузорӣ карда, махсусан таҳдиди осебпазирӣ дар муносибат бо Чин – қарздиҳандаи асосии Тоҷикистонро зикр кард.

Лентаи хабарҳо
0