ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Тоҷикситон ва ХБА, роҳандозии Барномаи нави ХБА (Механизми васеи қарздиҳӣ (ECF)) бо Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд, иттилоъ додааст хадамоти матбуоти Бонки милли Тоҷикистон.
"Бо мақсади баргузории музокирот оид ба роҳандозии Барномаи нави ХБА (Механизми васеи қарздиҳӣ (ECF)) бо Тоҷикистон, гуруҳи кории ХБА таҳти сарварии роҳбари ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор доранд", — иттилоъ додааст манбаъ.
Муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев ва намояндагони ХБА масъалаи роҳандозии барномаи мазкурро баррасӣ намуданд. Муовини якуми БМТ ба ҳайати ХБА дар бораи рушд ва дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Тоҷикистон, рушди бахшҳои воқеӣ, монетарӣ ва молиявӣ дар солҳои 2017-2018, аз ҷумла сатҳи таваррум, унсурҳои пулӣ, нишондиҳандаҳои устувории молиявӣ маълумоти мушаххас пешниҳод намуд.
Ҷамолиддин Нуралиев таваҷҷуҳи намояндагони ХБА-ро ба дурнамои рушди интиқоли маблағҳои пулӣ, ба роҳ мондани муносибатҳои сифатан нави молиявӣ ва тиҷоратӣ бо Туркия ва Узбакистон, татбиқи лоиҳаи НБО "Роғун", талабот оид ба маблағгузории беруна дар солҳои минбаъда (2019-2021) дар Тоҷикистон, ҷалб намуд.
Инчунин вай дар бораи нақши барориши евробондҳо ба бозорҳои байналмилалӣ маълумот дод.
Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки роҳбари Ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал талошҳои ҳукумати Тоҷикистонро, барои ворид намудани ислоҳот дар баъхши иқтисоди миллиро мусбат баҳогузорӣ кардааст. Дар дидор бо масъулини бахши иқтисоди Тоҷикистон сиёсати иқтисодии ҳукумати ҷумҳуриро дастгирӣ кард ва гуфт ба ҳамкорӣ барои расидан ба ҳадафи рушд омода аст.
Инчунин хабар дода шуда буд, ки ҳукумати Тоҷикистон дурнамои рушди иқтисодро дар соли оянда тасдиқ намудааст. Дар соли ҷорӣ рушди иқтисоди кишвар бояд 7,3 дарсад ва дар соли 2019 7-7,6 дарсад ташкил диҳад.