Эмомалӣ Раҳмон раиси палатаи поёнии Парлумони Ҷопонро ба Тоҷикистон даъват кард

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанВстреча Рахмона с главой нижней палаты парламента Японии Тадамори Ошима
Встреча Рахмона с главой нижней палаты парламента Японии Тадамори Ошима  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомали Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни мулоқот бо Раиси парлумони Ҷопон пешниҳод намуд, ки барои густариш додани муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ - Гуруҳи муштараки корӣ барои таҳлили заминаи қарордодию ҳуқуқӣ таъсис дода шавад

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон зимни сафари расмиаш ба Ҷопон бо раиси палатаи поёнии Парлумони ин кишвар Тадаморӣ Ошима мулоқот кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Бино бар иттилои манбаъ, зимни мулоқот ҳар ду тараф масоили ҳамкории байнипарлумонии кишварҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Встреча Рахмона с Императором Японии Акихито - Sputnik Тоҷикистон
Сӯҳбати Раҳмон бо императори Ҷопон Акихито дар рӯзи зодрӯзаш

Зимни мулоқот тарафҳо аз 25 - умин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ, рушди босуботи робитаҳои байнипарлумонӣ, таъсиси Гуруҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ, алоқаи пурсамари мақомоти қонунбарори кишварҳо, татбиқи босамари беш аз 50 санади меъёрию ҳуқуқии ба имзорасида, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки дар ҷараёни мулоқот Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки барои тайёр кардани кадрҳои дараҷаи баланди бахшҳои иқтисодиёт, идоракунӣ, ҳуқуқ, нақлиёт, телекоммуникатсия, тандурустӣ, тиҷорат, кишоварзӣ, туризм, бахши бонкӣ ва молиявӣ Маркази таълимии Ҷопон дар Тоҷикистон бунёд шавад.

Встреча Эмомали Рахмона с руководителем Агентства по международному развитию Японии (JICA) Шиничи Китаокой - Sputnik Тоҷикистон
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Синичи Китаока, роҳбари JICA

Инчунин тарафҳо бораи ворид намудани сармояи ҷопонӣ ва ҳамкории техникӣ барои татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ - гуманитарӣ, ҷудо кардани қарзҳои имтиёзнок ба иқтисодиёти Тоҷикистон, рушди бахши хусусӣ, робитаҳои фарҳангӣ табодули назар карданд.

Дар охири мулоқот Эмомалӣ Раҳмон раиси палатаи поёнии парлумони Ҷопонро дар вақти барояш мусоид ба Тоҷикистон даъват кард.

Лентаи хабарҳо
0